Гузаргоҳҳои “сабз” ва “кабуд”

Гузаргоҳҳои “сабз” ва “кабуд”

пурра ба кор даромад

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми ноябри соли 2018 “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба такмили маъмурияти боҷхона ва афзудани самарадории фаъолияти органҳои хизмати боҷхонаи давлатӣ” дар соҳаи боҷхона Сохтори идораи автоматиконидаи хавф дар амал ҷорӣ гардида, барои амвол ва воситаҳои нақлиёт низ дар назорати боҷхона гузаргоҳҳои махсус ҷорӣ карда шуд.
Аз ҷумла, агар аз декабри соли 2018 гузаргоҳҳои “зард” ва “сурх” ба кор дароварда шуда бошанд, аз 1-уми марти соли ҷорӣ гузаргоҳҳои “сабз” ва “кабуд” ҷорӣ гардиданд.
Дар натиҷаи амалинамоии ин сохтор назорати боҷхонавии амвол ё воситаҳои нақлиёт ба воситаи яке аз гузаргоҳҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
гузаргоҳи «сабз», дар он ҳангоми қабул кардани қарор дар бораи гузарондани амвол ва воситаҳои нақлиёти дараҷаи хавфашон паст, нисбати онҳо назорати боҷхона гузаронида намешавад.
гузаргоҳи «зард», он вобаста ба декларатсияи боҷхона, санҷиши ҳуҷҷатҳо ва маълумот нисбати амвол ё воситаҳои нақлиёти нишондиҳандаи дараҷаи миёна ё худ тасодуфӣ ба кор бурда мешавад.
гузаргоҳи «кабуд», нисбати амволи нишондиҳандаи дараҷаи миёнаи хавф ё ки дар асоси озмун аниқгардида, баъд аз бароварда шудани онҳо шаклҳои назорати боҷхона амалӣ карда мешавад.
Сохтори мазкур дар баробари суръатдиҳии гузарондани оператсияҳои боҷхона оид ба расминамоии боҷхона, дар аниқ намудани вайроншавии ҳуҷҷатҳои қонун дар бораи боҷхона, прогноз кардан ва пешгирии он нақши калон дорад.
Акнун тадбиркорон ба воситаи сайти bojxona.uz – и Кумитаи давлатии боҷхона имконияти дар режими вақти реалӣ ба гирифтани маълумот оид ба мақоми декларатсияи бори боҷхона ва дар кадом гузаргоҳ ҷойгир будани онро ҳам соҳиб гардиданд. Ин бошад дар мамлакатамон дар равияи боз ҳам инкишофдиҳии фаъолияти тадбиркорон навигарии муҳим ҳисоб меёбад.


Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: