Шифохона дар бинои нав

Шифохона дар бинои нав

Шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи вилоят бо сабаби кӯҳнашавии аксари хонаҳои шӯъбаҳои реаниматсионӣ, лаборатория, қабулкунӣ, инчунин, 4 шӯъбаи давоёбӣ фаъолияташро дар собиқ диспансери психоневрологии мавзеи Кимиёгарон идома медод.
Роҳбари давлатамон соли 2018 вақти сафар дар вилоятамон таъкид намуда буд, ки бо мақсади зиёд намудани сифат ва самаранокии хизмати тиббӣ дар вилоят сохтани бинои замонавии Шифохонаи бемориҳои сирояткунанда зарур аст.
Баъди ҳамин, корҳои сохтмониву азнавбарқарорамоии шифохона оғоз ёфт. Барои шифохонаи клиникии бемориҳои сирояткунанда бинои нав бунёд гардид ва ниҳоят ба истифода супурдашавии бинои мазкур ба амал омад.
Бинои мазкури сеошёна ба ивази 4 миллиарду 600 миллион сӯм барпо гардид. Дар ин ҷо хонаҳои дорои шароити мусоиди изоляторӣ ташкил гашт. Муассисаи тиббӣ бо анҷому асбобҳои тиббӣ таъмин гардид. Барои баровардану фаровардани беморон бошад, лифт шинонида шуд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: