Фестивали варзишии «Нафосат-2019»

Фестивали варзишии «Нафосат-2019»

гузаронида шуд

Дар мактаби варзишии бачаҳо ва наврасони ба намудҳои бозӣ ва атлетикаи сабук ихтисосонидашудаи шаҳри Самарқанд дар байни зану духтарон фестивали варзишии «Нафосат-2019» баргузор гардид. Он ба ҳамкории кумитаи зану духтарони ҳокимияти вилоят, Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят, шӯъбаи вилоятии Хазинаи ривоҷи варзиши бачаҳои Ӯзбекистон шуда гузашт.
Дар фестивал беш аз 500 нафар варзишгари синну солашон аз 16 боло аз рӯйи намудҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи мизӣ, гандбол, бадминтон, велосипедронӣ қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқа ҷамоаҳои волейболбозони шаҳри Самарқанд, баскетболбозони ноҳияи Пахтачӣ, гандболбозони ноҳия Пастдарғам ҷойи якумро ба даст оварданд. Теннисбози шаҳри Самарқанд Мунира Бобоева, бадминтонбози ҷомбойӣ Гулҳаё Тоҷинурова ҷойи якумро ишғол намуданд. Дар мусобиқаи велосипедронӣ Чарос Сабиеваи пайариқӣ (дар байни то 25-солагон), Бибиоиша Мамаюсуфоваи булунғурӣ (дар байни 26-35-солагон) ва Марғуба Нурмановаи пайариқӣ (35-40-солагон) чолокии худро нишон дода, ҷойи аввалро гирифтанд.
Дар ҷамъбасти тадбир ғолибу ҷоизадорон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.

Ҳусайн ЭЛТОЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: