Эътирофи ҷаҳонии шаҳри куҳан

Эътирофи ҷаҳонии шаҳри куҳан

Соли 2012 бо ташаббуси ҳукумати Хитой дар шаҳри Пекин бо мақсади таҷрибаивазнамоӣ дар байни ташкилотҳои хориҷӣ ва боз ҳам беҳтар намудани ҳамкории шаҳрҳои пешқадами сайёҳии дунё Федератсияи шаҳрҳои сайёҳии ҷаҳон (WTCF) ташкил гардид.
WTCF имрӯзҳо дар 5 қитъа 69 мамлакатро дар бар мегирад ва ташкилоти комили байналхалқии туризм ба ҳисоб меравад. Он 211 аъзо дорад. Ба таркиби федератсия 14 шаҳр, 71 ташкилот ва 6 филиал дохил шудааст.
Рӯзи дуюми намоиши туристии байналхалқии “ITB Berlin-2019” дар вохӯрие, ки дар байни саркотиби Федератсияи шаҳрҳои сайёҳии ҷаҳон (WTCF ) ва Кумитаи давлатии ривоҷдиҳии туризм гузаронида шуд, аз тарафи раҳбарияти WTCF аъзои федератсия гардидани Самарқанд маълум карда шуд. Дар ин бора маълумоти расмӣ моҳи апрели соли ҷорӣ тақдим карда мешавад. Дар саммити навбатии WTCF, ки моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Хелсинкӣ баргузор мегардад, аъзои комилҳуқуқи федератсия гардидани шаҳри Самарқанд алоҳида эътироф карда мешавад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: