Имкони таълими бепул

Имкони таълими бепул

дар донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ

Рӯзи 11-уми март дар маҷлисгоҳи хурди Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 25-уми сентябри соли 2018 «Дар бораи ташкили фаъолияти Бунёди «Эл-юрт умиди» оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа» ҷамъомад баргузор гардид.
Намояндагони ҳокимияти вилоят, вакилони корхонаҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони муассисаҳои таълими олии вилоят, ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони тадбир буданд.
Ҷонишини директори Бунёди “Эл-юрт умиди” Одилҷон Сатторов ба сухан баромада, дар бораи интихоби озмунии номзадҳо барои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар хориҷа аз ҳисоби маблағҳои Бунёди «Эл-юрт умиди»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳо, зинаҳои гузарондани имтиҳонҳо, имкониятҳое, ки ба онҳо муҳайё карда мешавад, сухан кард.
– Чанде пеш мо барои кормандони соҳаи таълим имтиҳонҳо гузаронда, аз байни онҳо беҳтаринҳоро муайян кардем ва аз моҳи апрел онҳоро барои таҳсил ба донишгоҳҳои пешқадами хориҷӣ мефиристонем, — гуфт О.Сатторов. – Акнун аз рӯйи самтҳои илм ва пажӯҳишҳои илмӣ, ҳифзи тандурустӣ, идораи давлатӣ ва соҳаҳои пешомадноки иқтисодиёт қабулро оғоз кардем, ки ҷараён то санаи 20-уми марти соли ҷорӣ давом мекунад ва барои ин самтҳо аз тарафи Бунёд 400-то ҷой ҷудо карда шудааст. Хоҳишмандон аз рӯйи самтҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, таълим дар магистратура ва докторантураи муассисаҳои таълими олӣ метавонанд ҳуҷҷат супоранд. Ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳо ба таври “он-лайн” ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон ва сайти расмии Бунёд дохил шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тақдим карданашон мумкин аст. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Самарқанд барои дарёфти стипендияҳои Бунёд аз 1-уми апрели соли 2019 курсҳои мақсаднок дар асоси барномаҳои махсуси таълими забонҳои хориҷӣ (забонҳои англисӣ, немисӣ, франсузӣ ва ғайра) ба роҳ монда мешавад.
Дар анҷом вакили Бунёд ба саволҳои иштироккунандагон ҷавоб гардонд.

Ф.ЮЛДОШЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: