Майсаҳо хуб месабзанд

Майсаҳо хуб месабзанд

Деҳқонони хоҷагии фермерии «Хидиров Эркин Дӯстлик даласи» — и тобеи Саройи муқобили мошину таракторҳои Килдони ноҳияи Булунғур тирамоҳи соли гузашта дар 10 гектар замин навъи «Краснодар» — и ғалларо коштанд. Онҳо се моҳ ин ҷониб баҳри нашъунамои бомароми ғалла кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

— Баъди бо нуриҳои маҳаллӣ дар усули шарбат обёрӣ намудани ғаллазорамон майсаҳо хуб нашъунамо меёбанд,- гуфт роҳбари хоҷагӣ Эркин Хидиров. – Ғаллазор аз оби чилла баҳраманд гардид. Соли гузашта ба нуқтаҳои қабули ғалла аз 5 гектар, ба ҷойи 17,6 тонна 18,5 тонна ғалла супурда, нақшаро барзиёд иҷро намудем. Дар замини хоҷагӣ 6 нафар коргар пайваста меҳнат мекунанд.

Ҷ.АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: