Талқини нодуруст ва нохолис

Талқини нодуруст ва нохолис

Маърифат дар ҳама давру замон барои ҳифзи инсоният аз ҷаҳолату гумроҳӣ хизмат намудааст. Имрӯз низ мувофиқи талаби замон мо бояд барои маърифатнок намудани аҳолӣ, бахусус, ҷавонон, ҳифзи онҳо аз таъсири ғояҳо ва равияҳои зараровар ҷидду ҷаҳд намоем. Дар натиҷаи ислоҳоту дигаргуниҳои бузурге, ки дар мамлакатамон ба туфайли сиёсати оқилонаи Президентамон Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд, барои мо имконияти бештар намоён сохтани тафаккур ва эҷоди озодона ба вуҷуд омадааст. Аммо на ҳама шуури аз чунин имкониятҳо истифода бурданро доранд. Дар ин кор душмани азалии инсоният, ки нафс ном дорад, садди роҳ мешавад. Барои бартараф намудани зарарҳои он бошад, мероси маънавии ниёгонамонро таҳти шиори «Маърифат – бар зидди ҷаҳолат» бояд ҳамчун қалъаи наҷот истифода намоем.
Дар дини муқаддаси мо калимаҳое ҳастанд, ки дар асл ҳиссиёти муқаддас­ро ифода мекунанд.
Яке аз калимаҳое, ки имрӯз нодуруст ва нохолис талқин мекунанд, ин «шаҳидӣ» мебошад, ки дар асл маънои дар роҳи мақсадҳои муқаддас фидо кардани ҷонро дорад. Албатта, мақсадҳои муқаддас бояд мувофиқи нишондодҳои шариатамон бошад. Аммо баъзе тоифаҳои ғаразнок дар хориҷ барои амалинамоии мақсадҳои нопоки худ ҳамин мафҳуми муқаддасро ба сифати силоҳ истифода мебаранд.
Расулуллоҳ (с.а.в.) фармудаанд: «Касе, ки молашро ҳимоя карда кушта шавад, шаҳид аст. Касе, ки хунашро ҳимоя карда кушта шавад, шаҳид аст. Касе, ки динашро ҳимоя карда кушта шавад, шаҳид аст. Касе, ки аҳлашро ҳимоя карда кушта шавад, шаҳид аст». Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ва ду Шайх ривоят кардаанд.
Гурӯҳҳои гумроҳ бошад, ҳадиси шарифи мазкурро мутлақо барои корҳои хилофи дину шариат кор фармуда истодаанд, яъне дар хориҷ ба шахсони фиребхӯрда барои иҷрои мақсадҳои нопоки худ ҳар гуна нақшаҳо дода, онҳоро дастгирӣ менамоянд. Барои иҷрои чунин мақсадҳои нопок бошад, онҳоро бо маблағ ва аслиҳа таъмин мекунанд. Кор ба дараҷае мерасад, ки дар хориҷ чунин шахсон, ҳатто падару модар, ҳамдин, ҳамзабон ва ҳамдиёрони худро несту нобуд мекунанд. Аз ҳама бадтараш он, ки дар чунин роҳ кушта шуданро «шаҳидӣ» медонанд.
Мо бояд ба ҷавононамон, ба мӯъмину мусулмонон ва онҳое, ки дар бораи мазмуну моҳияти дини ислом ба маълумоти зиёд соҳиб нестанд, дар бораи чунин мафҳумҳо маълумоти дуруст ва ҳақиқӣ диҳем. Дар чунин ҳолат ҷавонон дарк хоҳанд кард, ки хавфу хатар аслан дар мазмуни калима не, балки дар тоифаву гурӯҳ ва ҷамоаҳои гумроҳе мебошад, ки чунин калимаҳоро барои худ ҳамчун аслиҳа кор мефармоянд.

Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ, вакили Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: