Аҳамияти мероси маънавии ниёгон

Аҳамияти мероси маънавии ниёгон

Баъд аз Истиқлолияти мамлакатамон озодии виҷдон пурра таъмин гардид. Мутаассифона, имрӯз қувваҳои мутаассиб дини исломро ниқоб карда, ҷавонони камтаҷриба ва шуурашон ҳанӯз такмилнаёфтаро ба доми худ кашида, барои иҷрои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Чунин ҳаракатҳои разилона бошад, ба шаъни дини муқаддасамон доғ оварда, оқибат ба ҳаёти маънавиамон таъсири манфӣ мерасонад.
Дар вилоятамон бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз ҳар гуна таҳдидҳои маънавӣ ҳифз намудани онҳо таҳти шиори “Маънавият – бар зидди ҷаҳолат” корҳои васеи тарғиботӣ идома доранд.
Дар дини муқаддасамон ба саволи “Одами мусулмон чӣ гуна бояд бошад?” ҷавоби оддӣ додаанд. Расулуллоҳ (с.а.в) фармудаанд, ки “Мусулмон касест, ки аз даст ва забони ӯ ба дигаре азият ва озор намерасад”. Дар Қуръони Карим низ фитнаи ба вуҷуд овардани ҷанг ҷинояти аз қотилӣ ҳам бадтар ҳисобида шудааст. Ҳеҷ дине зулм, қотилӣ, кушторро тарафдорӣ накарда, баръакс ба меҳру мурувват, сулҳхоҳӣ, инсонпарварӣ, раҳму шафқат даъват намудааст.
Шайх Саъдӣ фармудаанд, ки:
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Дар ин бобат зиндагиномаи Ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд барин бузургон барои мо намунаи ибрат мебошад, ки доимо некиро пешаи худ намуда, ҳатто ба шахсони ба он кас озор расонида ҳам некӣ карда, онҳоро ба роҳи дуруст даровардаанд.
Яке аз чунин алломаҳои бузурги диёрамон Махдуми Аъзам дар таълимоти худ ба тарғиби ягонагии илм ва амал аҳамияти аввалиндараҷа дода, омӯхтани “улуми нофеъ”, яъне илмеро, ки ба халқ манфиат мерасонад, касбу ҳунар ва ба шогирдон ёд додани онро вазифаи инсони боилм ҳисобидаанд. Зеро илму ҳунар аз худ намуда, ба он амал кардан, ризқи ҳалол ёфта, дар тарбияи фарзандон масъулият ва вазифаи шаҳрвандиро ҳис намуда зиндагӣ кардан қарзи муқаддаси ҳар як инсон аст.
Ислом инсонро ба роҳи покизашавии рӯҳӣ, ҷисмонӣ ҳидоят намуда, ба таври мунтазам ба фаъолии иҷтимоӣ, бомаърифат шудан даъват мекунад. Ба ин масъала кӯр-кӯрона пайравӣ карда, хулосаҳои яктарафа баровардан сахт таъқиқ карда мешавад. Ба фикри ҳазрати Махдуми Аъзам, ҷисм ва нафс ба туфайли меҳнати ҳалол пок мешавад, меҳнати ҳалол роҳи ягонаи халосӣ аз тамоми иллатҳои дар рӯҳ ва ҷисм буда ба шумор меравад. Касе, ки меҳнати ҳалол мекунад, дар ду дунё ба саодат мерасад, дар байни халқ соҳиби ҳурмат мешавад. Аллома, гуфтааст, ки “Ислом фақат ба шахсони бомаърифат сиррашро мекушояд, дин ва китобҳои муқаддас барои инсон ва расондани ӯ ба камолоти ахлоқӣ аст: инсон барои дин не, балки дин барои инсон офарида шудааст”.
Яке аз пирони бузурги хоҷагон Алии Рометанӣ қалби инсонро ба киштзор монанд кардаанд. Агар мо сари вақт шуд­гор накунем, нарм карда, об надиҳем, аз алафҳои бегона тоза накунем, он ба шӯразор табдил меёбад. Ҳамин тавр, дилро низ аз алафҳои бегона бояд тоза кард. Алафҳои бегонаи дил – инҳо ҳасад, кибр, дурӯғгӯӣ, порахӯрӣ, ҳирс, шӯҳратпарастӣ барин иллатҳо мебошанд. Пирони тариқати нақшбандӣ роҳи аз дил тоза карда партофтани ҳамин гуна алафҳои бегонаро нишон додаанд. Ин бошад, бо роҳи покӣ, ҳалолӣ, зикр ҳосил мешавад.
Дар яке аз ҳадисҳо чунин омадааст, ки: “Панҷ чизро пеш аз панҷ чиз ғанимат дон: ҷавониро пеш аз пирӣ, тандурустиро пеш аз беморӣ, дороиро пеш аз камбағалӣ, ҳаётро пеш аз марг, вақти холиро пеш аз машғулӣ”.
Мо бояд вақтро ғанимат дониста, ба омӯхтани илму ҳунар, варзиш ва корҳои манфиатовар сарф намоем. Зеро чӣ гуна будани ояндаи халқамон ба чӣ гуна таълиму тарбия гирифтани ҷавононамон вобаста аст.
Омӯхтан ва ба фарзандонамон расондани мероси маънавии аҷдодонамон – барои онҳоро имрӯз аз равияҳои гуногуни зараровар ҳифз намудан ҳамчун воситаи муҳими тарбиявӣ хизмат хоҳад кард.

Нишон ТӮҚСАНОВ,
маҳаллаи Чунгули ноҳияи Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: