Диёри бонувонаш хушбахт-ояндаи дурахшон дорад

Диёри бонувонаш хушбахт-ояндаи дурахшон дорад

Дар мамлакатамон ба масъалаи афзунсозии мавқеи бонувон дар ҷомеа, таъмини иштироки онҳо дар корҳои ҷамоатӣ ва мустаҳкамсозии оилаҳо эътибори алоҳида дода мешаванд.
Бахусус, Фармони сарвари давлатамон “Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила” корҳоеро, ки дар ин самт иҷро мегарданд, ба зинаи нав баровард.

Мувофиқи фармон “Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила” сохтори мақсадноки амалисозии корҳо дар бобати афзунсозии саҳм ва фаъолии зану духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, баробари ин саривақ муайян кардани муаммоҳо, ёрӣ расонидан ба бонувоне, ки аҳволи вазнини иҷтимоӣ ва ногироӣ доранд, таъмини шуғли онҳо, пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мустаҳкам намудани оилаҳо созмон ёфт.
Дар Кумитаи зан ва духтарон бошад, вазифаи мутахассиси кор бо занон ва мустаҳкам кардани суннатҳои маънавиву ахлоқӣ дар оила ҷорӣ карда шуд, ки дар вилоят онҳо 1089 нафар мебошад.

Инчунин, бо фармони мазкур шӯъбаҳои ҳудудии Марказҳои тадқиқотии илмиву амалии “Оила” ташкил карда шуданд. Ғайр аз ин, ба кумитаҳои зану духтарони шаҳру ноҳияҳо штатҳои иловагӣ дода, шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шуданд.
Бояд гуфт, ки беш аз 50 фоизи аҳолии вилоятро бонувон ташкил мекунанд. Қариб 6680 нафар занон бо тадбиркорӣ, 859 нафар бо ҳунармандӣ машғуланд.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҷамоатӣ ба зану духтарон 4 млрд. сӯм кредити имтиёзнок доданд.
Дар натиҷаи фароҳам овардани имкониятҳо соли гузашта 971 нафар бонувони шароиташон вазнинро ба кор ҷойгир карда, ба 665 нафарашон 5 млрд. 51 млн сӯмина ёрии моддӣ расонида шуданд.
Кумитаи зан ва духтарон аз ҳисоби маб­лағҳои Фонд барои хонаву ҷойи 120 нафар зан-духтарони шароиташон вазнин ва ногиро 4 млрд. 994 млн. сӯмина пардохтҳои ибтидоӣ супорид. Аз ҷумла, шуғли 12 ҳазор нафар бонувон таъмин гардид.
Қобили эътироф аст, ки мавқеи бонувон на танҳо дар оила, балки дар ҷамъият низ то рафт мустаҳкам мегардад. Ҳоло дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, иқтисод, хоҷагии деҳот, савдо, таълими халқӣ, маданият, санъат 4028 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд.
Бахусус, дар сохтори таълими халқӣ қариб 30 ҳазор, таълими олӣ ва соҳаи илму фан 8500 нафар, маданият ва варзиш 75 ҳазор нафар, дар сохтори ҳифзи тандурустӣ 28 ҳазор нафар, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ 2400 нафар зану духтарон фидокорона меҳнат мекунанд.
Имрӯзҳо беш аз 50 ҳазор нафар зану духтарон узви фаъоли ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд.
Аз 60 нафар депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят 20 нафар, инчунин, 125 нафар депутати Шӯроҳои намояндагони халқи шаҳру ноҳияҳоро зану духтарон ташкил мекунанд.
Дар байни зану духтарони вилоят 3 нафар профессор, 23 нафар доктори фан, 198 нафар номзадҳои фан ҳастанд.
9 нафар бонувони эҷодкори самарқандӣ узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошанд. Дар воситаҳои ахбори оммавии вилоят беш аз 160 нафар занону духтарон фаъолият доранд.
Тарбияву камолоти фарзандонамон на танҳо дар оила, балки дар ҷомеа низ бо бонувон вобаста аст. Имрӯзҳо ба писаракону духтаракони хурдсоли мо, ки дар муассисаҳои таълими томактабӣ ҳастанд, қариб 10 ҳазор нафар апаву хоҳарони мо тарбия медиҳанд.
Инчунин, дар соҳаҳои ҳуқуқу тартибот, мақомоти корҳои дохилӣ ва тамоми соҳаҳои дигар низ бонувон фаъолона кор мебаранд. Баробари ин, иштирок ва дастовардҳои зан-духтарон дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ 2,4 фоиз афзуда, дар вилоятамон 4 нафар чемпиони ҷаҳон, 6 нафар чемпиони Осиё ва 132 нафар варзишгардухтароне ҳастанд, ки соҳиби медалҳои тиллоӣ гардидаанд.
Бо мукофоти давлатии ба номи Зулфия то ҳол 22 нафар гулдухтари боистеъдоди вилоятамон (соли ҷорӣ 2 нафар) сарфароз гардиданд.
Боиси эътироф аст, ки дар вилоятамон 1344 нафар духтарони оқила, олимаҳои ҷавон, соҳибаҳои стипендияи Президент, ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳон ва байналхалқӣ ҳастанд.
Дар панҷ соли охир аз вилоятамон 89 нафар зану духтарон сазовори мукофотҳои давлатӣ шуданд.
Инчунин, дар асоси қарори Девони Вазирон “Дар бораи тасдиқ намудани Низоми нишони сарисинагии “Мӯътабар аёл” ба 18 нафар бонувони вилоятамон, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолу ташаббускор, бо меҳнати пурсамари худ ба ташаккул ёфтан ва мустаҳкам гардидани оилаи фаровон, ҳифзи модару кӯдак саҳми муносиб гузоштаанд, нишони сарисинагӣ супорида шуд.
Имрӯзҳо кумитаи зан ва духтарон дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳуқуқу тартибот, ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ, ҳизб­ҳои сиёсӣ, идораҳои динӣ барои мустаҳкамнамоии оилаҳо, барқарорсозии муҳити солим дар онҳо ҳаракат мекунанд.
Оила асоси ҷамъият аст ва соҳиби такягоҳҳои мустаҳками маънавии чандинаса мебошад. Оё оиларо бе бонувон тасаввур кардан мумкин аст? Албатта не. Чунки дар симои бонувон пеш аз ҳама модарони меҳрубон, апаву хоҳарони ғамхор, гулдухтаронамон пеши назар меоянд.
Аз ин рӯ, бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҳаёти худро бе иштироки фаъоли бонувон дар оила ва ҷамъият тасаввур кардан нашояд.
Соли ҷорӣ мо дар пеши худ мақсад ва вазифаҳои зиёд дорем.
Аз ҷумла, соли равон ба 2013 нафар бонувони аҳволи иҷтимоияшон вазнин ёрии тиббӣ расонида мешавад, 11130 нафар зану духтарон бо кор ва 258 нафар бонувоне, ки ногироянд ва шароити вазнин доранд, бо хонаву ҷой таъмин мегарданд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди мо қарор дорад, ҳифзи иҷтимоии модарону кӯдакон, ёрирасонӣ ба бонувони ниёзманд, ки ба аҳволи вазнини иҷтимоӣ афтодаанд, барои ҳаёти хушбахтонаи онҳо муҳайё кардани шароитҳои мусоид, боз ҳам мустаҳкамтар кардани пойдевори оилаҳо мебошад.
Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд: “Халқе, ки бонувонро эҳтиром мекунад, ҳифз менамояд — бузург аст. Кишваре, ки бонувонаш хушбахтанд, фарзандонаш комил ва ояндааш дурахшон мебошад”.

Гавҳар АЛИМОВА,
ҷонишини ҳокими вилоят,
раиси кумитаи зан ва духтарон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: