«Зидди эктремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ мубориза мебарем!»

«Зидди эктремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ мубориза мебарем!»

Таҳти ҳамин мавзӯъ дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд барои ходимони соҳаи почтаи вилоятамон семинар шуда гузашт. Дар тадбир беш аз 450 нафар ходимони почта иштирок намуданд.
То оғози тадбир ба диққати ҳозирон филми ҳуҷҷатии «Надомат» ҳавола гардид. Баъди намоиши филм ҷонишини саримом – хатиби вилоят Ёқубҷон Мансуров, омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Шерхон Ҳошимов, вакилони Садорати хизмати бехавфии давлатии вилоят ва дигарон маърӯза хонданд.
Таъкид гардид, ки ба масъалаи динӣ бефарқ будан ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Гурӯҳе дини исломро нодуруст талқин намуда, бо ҳар гуна роҳҳо ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Ҷавононро аз макру фиреби душманон ҳимоя кардан вазифаи ҳар яки мо мебошад. Волидон бояд фарзандонашонро зери назорати доимӣ гиранд. Ходимони почта дар қабул ва фиристодани мактуб ва посилкаҳо эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.
– Дар як қатор моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оиди муносибат ба масъалаҳои динӣ сухан рафтааст, ки мо бояд онҳоро нағз донем, – гуфт зимни суханронӣ Ш.Ҳошимов. — Дар ин бобат гузаронидани чунин тадбиру вохӯриҳо самараи хуб медиҳанд.

Ҷамшеди АСРОР.

***

Чунин тадбири маънавӣ-маърифатӣ дар садорати ҳудудии кори архиви вилояти Самарқанд низ зери мавзӯи «Экстремизми динӣ ва терроризм – таҳдид ба тараққиёти ҷамъият» баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори садорати ҳудудии кори архиви вилояти Самарқанд А.Маманазаров бо сухани муқаддимавӣ кушода, боз як бор пурдолузарбии мавзӯъ, вазифаи муқаддаси ҳамаи мо бемуросо мубориза бурдан бар зидди чунин иллатҳои барои тараққиёт ва тинҷию осоиштагӣ хеле хавфнок буданашро таъкид кард.
Сипас имом-хатиби масҷиди Руҳободи шаҳри Самарқанд Т.Амиров шахсони ба ин роҳ даромада, гурӯҳ ва ҷамоаҳои гуногунеро, ки фаъолияти ба таҷовуз ва ваҳшонияти ба инсонӣ хос набуда ва зери ғояи ба дин ҳеҷ алоқа надоштаро амалӣ менамоянд, мазаммат кард. Чунин кирдукори онҳо, ки ҳатто ба қурбон шудани одамони бегуноҳ меорад, хеле хатарнок ва ташвишовар аст.
Дар вохӯрӣ инчунин оиди веб-сайтҳои динӣ, чӣ хел аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода бурдани қувваҳои экстремистӣ сухан рафт.
Ходими шӯъбаи мубориза бар зидди терроризми Садорати корҳои дохилии вилоят Ф.Хушвақтов оиди то чӣ андоза мураккаб будани муаммои «Савдои одам», қисмати шахсоне, ки бо он рӯ ба рӯ шудаанд мухтасар ҳикоя кард. Пешгирии ин муаммо вазифаи на танҳо идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва корҳои дохилӣ, аҳли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд низ мебошад, – гуфт вай.
Дар анҷоми тадбир филми ҳуҷҷатии «Кӯрнамак»-ро, ки оиди қисмати оилаи ба доми қувваҳои иртиҷоӣ афтода, дар хориҷи кишвар сарсону саргардон шуда, барои корҳои зидди қонуниашон бо ҳукми суд ҷазо гирифтаанд, нақл мекунад, намоиш доданд.

Тошқул АЗИМОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: