Самарқанд – мизбони тадбири байналхалқӣ

Самарқанд – мизбони тадбири байналхалқӣ

Рӯзҳои 11-16-уми апрели соли ҷорӣ дар мадрасаи Мирзо Улуғбеки майдони Регистон ба муносибати 30-солагии ташкили Ассотсиатсияи омӯзиши таърих ва санъати Темуриён дар Франсия тадбири байналхалқӣ гузаронида мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани тадбир фармоиши ҳокими вилоят қабул ва дар асоси он таркиби гурӯҳи корӣ тасдиқ гардид.
Назар ба маълумотҳо дар тадбир иштироки олим, донишманд ва меҳмонони хориҷӣ дар назар аст.
Дар доираи тадбирҳо дар Донишкадаи тадқиқотии археологии Самарқанд зери мавзӯи “Маданият ва санъат дар замони Темуриён” намоишгоҳ гузаронида мешавад.
Инчунин, ташкили намоиши расмҳо дар мавзӯи “Бонуи ӯзбек дар ҷамъияти шаҳрвандӣ”, дар мадрасаи Мирзо Улуғбек намоиши спектакли “Улуғбек”, ки аз тарафи коргардони Театри давлатии драмаи ӯзбек О.Салимов ба саҳна гузошта шудааст ва барномаи консертӣ дар мадрасаи Шердор бо иштироки Артисти халқии Ӯзбекистон Муноҷот Йӯлчиева ба нақша гирифта шудааст.


Мухбири рӯзнома.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: