Тадбиркории зану духтарон ривоҷ меёбад

Тадбиркории зану духтарон ривоҷ меёбад

Дар ноҳияи Пахтачӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар ҳамкории Садорати бонки марказӣ ва шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи “Бонуи тадбиркор” бахшида ба масъалаҳои ба тадбиркорони пешқадам вобаста кардани зану духтароне, ки ба соҳаи тадбиркорӣ шавқ доранд, инчунин, омӯхтани муаммоҳои ин самт сӯҳбати гирди мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, ки вакилони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ ва қариб 50 нафар бонувони ноҳия иштирок карданд, оиди Барномаи “Ҳар як оила тадбиркор”, аҳамияти иҷтимоиву иқтисодии он, бахусус, саҳми барнома дар беҳсозии шароити рӯзгори аҳолӣ сухан рафт.
Инчунин, дар бораи ташаккули таҷрибаи тадбиркории зану духтарон, имтиёзоте, ки ба соҳибкорон дода шудааст, маълумот дода шуд.
Дар анҷом ба 34 нафар зану духтарон, ки хоҳиши бо тадбиркорӣ машғул гардиданро доранд, аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ кредитҳои имтиёзнок дода шуд ва таъкид гардид, ки ба бонувони бо хонакорӣ машғулбуда низ дафтарчаҳои меҳнат расмӣ кунонида мешавад.


Мухбири рӯзнома.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: