Аксия барои ободӣ

Аксия барои ободӣ

Бо ташаббуси шӯрои шаҳриву вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон (ҲДЭМӮз) дар арафаи иди Наврӯз дар доираи лоиҳаи «Гӯшаҳои обод, ки аз таърих садо медиҳанд» аксияи ҷавонон гузаронида шуд.
Дар тадбир, ки дар мақбараи Оқсаройи шаҳри Самарқанд таҳти шиори «Таърихи диёрро меомӯзам!» ташкил гардид, аъзоёни гурӯҳи ҳуқуқиву тарғиботии «Кӯмак»-и назди «Боли бонувон» ва «Боли ҷавонон»-и ҳизб фа­ъол иштирок намуда, ба корҳои ободонӣ ҳиссаи муносиб ҳамроҳ карданд.
Иштирокдорони аксия решаи дарахтҳои ҳавлиро нарм сохта, ба онҳо шакл доданд. Дар давоми аксия иштирокдорон оиди таърихи мақбара, ки дар асри XV бунёд гардидааст, соҳиби маълумот шуданд.
Инчунин, ҷавонон аз рӯзгори пиразани яккаву танҳо, сокини кӯчаи Шоҳрухи шаҳр Неля Явкина хабар гирифта, ҳавлии ӯро тоза ва ба корҳои рӯзгораш кӯмак расонданд.
Аксия дар ҷойҳо идома дорад.

Зафар АЛЛАНОВ,
Дилбар МУҚИМОВА,
сармутахассисони Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: