Варзишгардухтари самарқандӣ

Варзишгардухтари самарқандӣ

якбора соҳиби се медали тилло гардид

Рӯзҳои 8-15-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз рӯйи намуди атлетикаи вазнин байни наврасон чемпионати ҷаҳон гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз аъзои ҷамоаи умумии Ӯзбекистон, намояндаи вилоятамон Кумушхон Файзуллоева бомуваффақият иштирок карда, чемпиони мутлақи ҷаҳон шуд.
Кумушхон дар чемпионат аз рӯйи тоифаи вазни то 64 килограмм иштирок карда, дар якбора бардоштан 93 килограмм ва дар такон дода бардоштан 122 кг штангаро бардошта, дар тоифаи вазни худ бо натиҷаи 215 килограмм беҳтарин эътироф гардид ва байни наврасон рекорди ҷаҳониро нав кард.
Кумушхон Файзуллоева дар ин чемпионат бо натиҷаҳои назаррас се медали тиллоро ба даст овард.
Тавре, ки хабар дода будем, рӯзҳои 6-10-уми феврали соли ҷорӣ Кумушхон Файзуллоева дар чемпионати Ӯзбекис­тон низ ғолиб гардида буд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқа варзишгарони мамлакатамон соҳиби 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ, ҷамъ 16 медал гардиданд.

Ҳайдар ШОДИЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: