Табрики наврӯзии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба аҳли вилоят

Табрики наврӯзии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба аҳли вилоят

Ҳамдиёрони қадрдон!
Самарқандиёни азиз!
Тамоми аҳли вилоят ва меҳмонони онро бо ҷашни зеботарин ва арзишманд — Наврӯзи олам, ки дар мамлакатамон ба таври васеъ таҷлил мегардад, аз таҳти дил, самимона табрик менамоям.
Баҳор чун фасли бедоршавӣ, эҳё ва навшавӣ инсон ва табиатро ба ҳамдигар пайваст намуда, мушатаракии онҳоро ифода мекунад.
Ӯзбекистон, бахусус, Самарқанд ба сифати маркази тамаддуни ҷаҳонӣ тӯли асрҳо анъанаҳои наврӯзиро ҳифз намуда, аз аҷдодон ба авлодҳо мерасонад.
Аз ин сабаб, ин таносуб ба сифати қисми муҳими тарзи рӯзгори халқамон қарор ёфт.
Наврӯз – на танҳо Соли нави шарқона ва мавсими саршавии киштукории деҳқонон, балки зинаи оғози корҳои бузург ва некӯст. Ба таърих назар андозем, корҳои бузург айнан аз Наврӯз оғоз гардидаанд, ба корҳои бунёдкорӣ маҳз дар ҳамин рӯз дуои нек додаанд.
Кинаву адоватро фаромӯш карда, ҷангҳо қатъ шудаанд, одамон дар як давра нишаста, аз таомҳоеро, ки аз неъматҳои табиат тайёр шудаанд, ба ҳам дидаанд.
Ҳавлӣ, кӯчаҳо, қабристон ва зиёратгоҳҳои муқаддас ба тартиб оварда шуда, бо ниятҳои нек дарахтҳо мекориданд.
Имрӯз ҳам, аҳли вилоят мавсими кишоварзиро оғоз намуда, ба замин тухмии баракаро кишт мекунанд.
Дар саҳроҳо парвариши ғалла ва дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ босуръат давом дорад.
Насиб бошад, имсол нисбати соли гузашта хирмани бузурги донро бунёд мекунем, барои таъмини фаровонии дастархони халқамон ҳамдилона ҳаракат менамоем.
Дар асоси вазифа ва супоришҳое, ки Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар давоми ташрифи худ ба вилоят, дар санаи 11-уми январи соли ҷорӣ, баён намудаанд, ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳоямон корҳои бунёдкорӣ — сохтмонӣ, лоиҳаҳои истиқболнок ва нав дар соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ ва дигар самтҳо татбиқ мегарданд.
Дар асоси Барномаҳои “Қишлоқи обод” ва “Маҳаллаи обод” дар 48 деҳаву маҳаллаҳо ба корҳои бунёдкорӣ оғоз намуданд.
Инчунин, доир ба обод намудани маркази ноҳияҳо, бунёди бинову иншоотҳои замонавӣ, созмони сохтори коммуникатсионӣ корҳо сар шуданд.
Наврӯз, ки ба туфайли истиқлолият чун арзиши миллӣ аз нав барқарор гардид ва дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи мустаҳкам пайдо кард, ҳар сол чун ҷашни бошукӯҳ ба таври васеъ гузаронида мешавад.
Тӯли 2-3 соли охир моҳияти онро боз ҳам дақиқтар дарк карда истодаем. Чунки давраи пурҷӯши тараққиёти Ӯзбекистон дар чор фасли сол ҳам чун ҷараёни бедоршавӣ ва эҳёгардии Наврӯз давом меёбад.
Ғайр аз ин, мо ба ҳар як деҳа ва кӯча, ҳар як гӯша ва хонадон ворид намудани тароват ва шукӯҳи айёми мубораки баҳорро омӯхтем. Арафаи ҷашн дар маҳаллаву деҳаҳои вилоятамон боз гардидани беш аз 100 иншоотҳои нав исботи ин фикрҳоямон аст.
Ҳамҷиҳатӣ, ҳамкорӣ ва фарохдилӣ, ки яке аз тамоилҳои асосии Наврӯз ба шумор меравад, ҳоло ба яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатамон табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, солҳои охир бо халқҳои давлатҳои ҳамсоя, вакилони миллат ва қавмҳои гуногуни кишварамон якҷоя пешвоз гирифтани ҷашни баҳорӣ анъана мегардад.
Имсол низ барои истиқболи Наврӯз ба вилоятамон аз ҳудудҳои гуногуни мамлакатамон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ меҳмонони зиёд омаданд. Ба онҳо “Ба Самарқанд, ба кишварамон хуш омадед! Ҷашни Наврӯз муборак бошад!” мегӯем.
Ғоя, тамоили асосии Наврӯз ин қадр намудани инсон, эҳтироми калонсолон, мурувват ва эътибор ба эҳтиёҷмандон мебошад.
Имрӯз ин ҷиҳатҳо дар тадбирҳои идонае, ки дар тамоми гӯшаҳои вилоятамон давом мекунанд, ифодаи худро меёбанд.
Аз ҷумла, ҳамин рӯзҳо дар Хонаҳои саховат ва мурувват, хонаҳои меҳрубонӣ тадбирҳои хайриявӣ гузаронида мешаванд, аз рӯзгори шахсони имконияташон маҳдуд ва беморон хабар гирифта, ба онҳо ёрии моддӣ ва маънавӣ расонида мешавад.
Ҳамватанони азиз!
Шуморо боз як бор бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, ниятҳои некӯтарини диламро баён мекунам!
Соли нави шарқона, мавсими кишоварзии нав барои ҳамаамон пурфайзу бобарака ояд.
Осмони кишварамон ҳамеша мусаффо, халқи мард ва олиҷанобамон доимо амон бошанд!

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: