Гӯштӣ-бозии миллӣ

Гӯштӣ-бозии миллӣ

Аз замонҳои қадим дар рӯзҳои Наврӯз гӯштигирӣ, бандкашӣ, пойга, пойга бо асп, бузкашӣ, дастхобонӣ, хурӯсҷанг, кабкҷанг, қӯчқорҷанг ва сагҷанг барин бозиҳои миллӣ гузаронида мешаванд.
Ҳоло дар кишвари мо ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро мегузаронанд, дар арафаи ҷашн паҳлавонҳо гӯштигирӣ мекунанд. Гӯштиҳои кишварҳои гуногун аз ҳам фарқ мекунанд. Дар гӯштии миллӣ, ки дар кишвари мо васеъ паҳн шудааст, рост истода қувваозмоӣ намудан шарти асосӣ ва аз камар поён доштан манъ мебошад. Имрӯзҳо гӯштии миллӣ ҷаҳонӣ гардидааст.
Чунин гӯштии миллӣ дар кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон низ васеъ паҳн шудааст.
Дар Эрон, бахусус, дар музофоти Мозандарон ва Хуросон гӯштӣ бо номи паҳлавонӣ маъруф аст ва вожаи кӯштӣ, кӯштигирӣ истифода мегардад. Намуди кӯштии паҳлавонӣ ба гӯштии тарзи озод ва юнону румӣ монандӣ дорад.
Дар мамлакатамон ба масъалаи ривоҷ додани гӯштии миллӣ эътибори алоҳида дода шуда, қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 2-юми октябри соли 2017 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам ривоҷ додани гӯштии ӯзбек” қабул гардид.
Дар асоси қарор 6-уми сентябр чун Рӯзи гӯштии миллӣ муқаррар карда шуд.
Хулоса, мусобиқаҳои варзишӣ, бахусус гӯштигирӣ ба ҳусни Наврӯз ҳусни тоза мебахшанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: