Ташаббусҳои Президент бо шавқмандӣ иҷро карда мешаванд

Ташаббусҳои Президент бо шавқмандӣ иҷро карда мешаванд

Қариб 30 фоизи аҳолии мамлакатамонро ҷавонҳо ва духтарони аз 14 то 30-сола ташкил мекунанд. Барои таълим гирифтану соҳиби касбу ҳунар шудани онҳо шароити хуб фароҳам оварда мешавад. Баробари ҳамин, самаранок гузарондани вақти холии онҳо масъалаи муҳим мебошад. Ҷавонон ҳар қадар маънан баркамол бошанд, иммунитеташон ба муқобили иллатҳои гуногуни бегона ҳамон қадар мустаҳкам мешавад.
Бинобар ин, ба қарибӣ Роҳбари давлатамон барои бар асоси сохтори нав ба роҳ мондани корҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва маърифатӣ 5 ташаббуси муҳимро пешниҳод кард.
Ташаббуси якум, барои баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба мусиқӣ, рассомӣ, адабиёт, театр ва намудҳои дигари санъат, рӯёб намудани истеъдоди онҳо хизмат мекунад.
Ташаббуси дуюм, ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти варзишии онҳо равона карда шудааст.
Ташаббуси саввум, ба ташкил намудани истифодаи самараноки ҷавонон аз технологияҳои компутерӣ ва интернет нигаронида шудааст.
Ташаббуси чорум, бо ташкили корҳо оиди баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва тарғиби васеи китобхонӣ дар байни онҳо вобаста аст.
Ташаббуси панҷум, масъалаҳои бо кор таъмин кардани зан ва духтаронро дар назар дорад.
Ташаббусҳои мазкурро халқ ва аз ҳама бештар ҷавонон бо шавқмандии калон пешвоз гирифтанд.
Бо мақсади васеъ паҳн кардани панҷ ташаббуси мазкур дар ҳудудҳо роҳбарони мутасаддӣ масъул таъин карда шуданд. Инчунин, ба ин вазифаҳо раиси Жуқорғи Кенгеси Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимони шаҳри Тошканд ва вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хазинаҳои «Нуронӣ», «Маҳалла», кумитаҳои зану духтарон, Иттифоқи ҷавонон шахсан масъул гардиданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: