Муҳаммадкарими паҳлавон соҳиби «NEXIA-3» гардид

Муҳаммадкарими паҳлавон соҳиби «NEXIA-3» гардид

Рӯзи 20-уми март дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд бахшида ба иди Наврӯз аз рӯйи гӯштии миллӣ барои тӯҳфаи ҳокими вилояти Самарқанд мусобиқаи ҷумҳуриятӣ баргузор гардид.
Дар он қариб 100 нафар паҳлавонҳои шинохтаи мамлакатамон аз рӯйи тоифаҳои вазни гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Нахуст, қувваозмоии ҷавонпаҳлавонон оғоз гардид. Онҳо маҳорати худро нишон дода, соҳиби мукофотҳои пулӣ (ба миқдори 50000 сӯм) гардиданд. Сипас, ба мусобиқаи асосӣ старт дода шуд. Дар майдон паҳлавонони шинохта ва пуртаҷрибаи мамлакатамон қувваозмоӣ намуданд.
Дар анҷом Муҳриддин Қурбонови пастдарғамӣ дар тоифаи вазни то 73-килограмм ғолибиро ба даст оварда, бо телевизор ва 2 миллион сӯм маблағи пулӣ мукофотонида шуд. Муҳаммадалӣ Шамсиддинови қӯшработӣ дар баҳси тоифаи вазни то 90 кг. ғолиб гардида, бо яхдон ва мукофоти пулии 2 миллион сӯмина сарфароз гардид.
Калиди сабукрави русуми «NEXIA – 3»-ро ба ғолиби мутлақ, вакили мактаби гӯштии миллии Самарқанд Муҳаммадкарим Хуррамов (аз рӯйи тоифаи вазни беш аз 90 килограмм) ҳокими вилоят Э. Турдимов супурд.
– Мусобиқаи имрӯза ба мо паҳлавонони ифтихорӣ хеле маъқул шуд. Чолокии паҳлавононро дида, ҷавониам ба ёд омад. Хушбахтона, дар мамлакатамон ба ривоҷи ҳамаи намудҳои варзиш эътибори ҷудогона дода мешавад. Паҳлавонҳоямон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ хуб қувваозмоӣ намуда, обрӯи варзиши мамлакатро боло мебардоранд, – гуфт паҳлавони ифтихорӣ, бошандаи деҳаи Ҷари ноҳияи Оқдарё, ҷоизадори мусобиқаи ҷаҳонӣ дар байни паҳлавонҳои ифтихорӣ Суннатулло Ортиқов.
Дар мусобиқа витсе-­президенти Федератсияи гӯштии миллии Ӯзбекистон К. Юсуфов иштирок ва сухан кард.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: