Ғалабаи духтаракони самарқандӣ

Ғалабаи духтаракони самарқандӣ

Ба қарибӣ дар шаҳри Фарғона байни калонсолон аз рӯйи намуди муай-тай мусобиқаи ҷумҳуриятӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқа толибилмони литсейи академии назди Вазорати корҳои дохилӣ дар Самарқанд Фарангиз Хушмуродова ва Гулбаҳор Абдунабиева бомуваффақият иштирок карда, ҷойҳои якуму сеюмро ишғол намуданд. Инчунин, мураббии онҳо Ситора Бобокалонова ҷойи якумро ба даст овард.
Имрӯзҳо ин толибилмон дар маркази захираҳои олимпии шаҳри Самарқанд ва клуби варзишии «Оҳалик»-и воқеъ дар мактаби таълими умумии рақами 18 -и ноҳияи Самарқанд машғули варзиш ҳастанд. Аъзоёни ин клуб дар мусобиқаҳои ҷаҳониву ҷумҳурӣ борҳо ғалаба ба даст овардаанд.
Ҳоло мураббӣ С. Бобокалонова шогирдонашро ба мусобиқаи ҷумҳурӣ, ки моҳи апрел дар шаҳри Самарқанд мегузарад, тайёр мекунад.

Ҳусейн ЭЛТОЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: