4 фоидаи қаҳва

4 фоидаи қаҳва

Қаҳваро аз мамлакатҳои гарм ба диёри мо меоранд. Ҳоло мо дар бораи 4 хусусияти шифобахшии қаҳва маълумот медиҳем:
1. Истеъмоли қаҳва гиреҳҳои баданро мекушоянд, дардҳои гуногунро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва фишори хунро паст мекунад;
2. Баъд аз ба рӯи пӯст баромадани донаҳои сурхича ва нағзак, инчунин, ҳангоми гирифтани табъи рӯздармиён бисёр фоида дорад;
3. Дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, барои дафъ кардани сурфаи балғамӣ даво мешавад, меъдаро қувват мебахшад;
4. Аксари навъҳои қаҳва дарди сар ва дарди чашмро шифо мебахшад.
Истеъмоли қаҳва дар баъзеҳо дарди сар пайдо мекунад, боиси бедори ва лоғарии бадан мегардад, ранги рӯйро зард мекунад, бод пайдо мекунад, узвҳои нафасро хушк ва дағал мегардонад, хоби одамро кам мекунад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: