Автобуси нав ба ҷамоаи «Динамо»

Автобуси нав ба ҷамоаи «Динамо»

Рӯзи 28-уми март ба ҷамоаи «Динамо»-и Самарқанд автобуси русуми «Zshongtong», ки дар Хитой истеҳсол гардидааст, супурда шуд.
Дар тадбири тантанавӣ ҳокими вилоят Э.Турдимов иштирок намуд.
Автобуси нав бо кӯмаки ҳомиён гирифта шуда, пеш аз вохӯрии ҷамоаи «Динамо» бо ҷамоаи «Сурхон» тақдим гардид.
Футбол бозии миллионҳо буда, қариб 4 миллион нафар самарқандиён умед доранд, ки роҳбарият, мураббиён ва футболбозон доимо онҳоро хурсанд менамоянд.

Ф.МУҲАММАДҶОН.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: