Хабарҳо аз ноҳияҳо

Хабарҳо аз ноҳияҳо

Иштихон

Дар шаҳраки Митани ноҳияи Иштихон аз тарафи тадбиркор, роҳбари корхонаи оилавии «Elite fitness center» Дилшод Равшанов «Yoshlar mehnat guzari» бунёд ва ба истифода супорида шуд.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум хонаҳои алоҳида барои тадбиркорон ҷудо карда шудааст. Онҳо аллакай фаъолияти худ­ро ба роҳ монда, бо истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғуланд.
Дар ошёнаи дуввум бо мақсади дар байни ҷавонон тарғиб намудани варзиши «Fitnes klub» ташкил гардидааст.
Дар тадбир ҳокими ноҳия Ш.Неъматов иштирок ва сухан кард.

Ҷомбой

Дар ноҳияи Ҷомбой дар асоси Барномаҳои «Қишлоқи обод» ва инвеститсионӣ 3 муассисаи таълими томактабӣ ва 11 боғчаи оилавӣ ба истифода супорида шуд.
Муассисаи таълими томактабии нави рақами 24, ки дар маҳаллаи Нӯш ба фаъолият оғоз намуд, барои 75 нафар хурдсолон пешбинӣ шуда, барои корҳои бунёдкорӣ 1 миллиарду 250 миллион сўм маблағи давлат сарф карда шуд.
– Ду нафар набераам дар ҳамин боғча таълиму тарбия мегиранд, – гуфт собиқадори меҳнат Қаҳҳор Абдуқодиров. – Пештар тасаввур намекардем, ки дар як деҳаи дурдаст чунин муассисаи замонавӣ бунёд мегардад. Ҳоло фарзандонамон дар муҳите таълиму тарбия мегиранд, ки аз шароити шаҳр камӣ надорад.
Чунин муассисаҳои таълими томактабӣ дар маҳаллаҳои Эски Ҷомбой ва Зарафшон низ ба кор оғоз карданд.


Шерзод ИСОҚУЛОВ.

Нарпай

Дар Боғи истироҳатии шаҳри Оқтоши ноҳияи Нарпай мувофиқи «Нақшаи назоратии Харитаи роҳ доир ба боз ҳам афзунсозии салоҳияти сайёҳӣ ва ривоҷ додани инфрасохтори туризми вилояти Самарқанд дар соли 2019» «Сайли кабоб» ташкил карда шуд.
Дар сайл, ки бори аввал гузаронида мешавад, 50 нафар ошпазҳо намудҳои гуногуни кабоб ва таомҳои миллиро тайёр карданд.
Дар тадбир аз вилоятҳои дигар меҳмонон омада, бо арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳои ба худ хоси Самарқанд, бозиҳои миллии мардум шинос шуданд. Баромад ва сурудҳои дилкаши санъаткорон ба тадбир файзи баҳорона ва шукӯҳи идона бахшид.

Булунғур

Дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Булунғур бо ҳамкории «Боли бонувон»-и Шӯрои ноҳиявии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон (ҲДЭМӮз) ва ташкилоти ибтидоии ҳизб дар маҳалла бо мақсади омодасозии духтарон ба оиладорӣ, афзунсозии дониши онҳо дар бораи ин даргоҳи муқаддас озмуни «Офарин, гулдухтарон» гузаронида шуд.
Дар он 8 нафар духтари маҳалла, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, аз рӯйи шартҳои шиносоӣ, пазандагӣ, меҳнати дастӣ, саволу ҷавоб ва мавзӯи озод қувва озмуданд.
Дар анҷом омӯзгори мусиқии муассисаи таълими томактабии рақами 1-и маҳалла Зилола Абдуғаффорова ғолиб гардида, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои ташкилотчиён мукофотонида шуд.


Хизмати матбуоти
Шӯрои вилоятии ҲДЭМӮз.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: