Маҷлиси комиссияи байниҳукуматии сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Тирмиз

Маҷлиси комиссияи байниҳукуматии сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Тирмиз

Дар Тирмиз бо роҳбарии сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи 6-умини комиссияи байниҳукуматӣ оиди ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони вазорат ва идораҳои ду давлат иштирок карданд. Таъкид гардид, ки алоқа ва равобитҳои наздики дӯстиву ҳамкории байни ду мамлакати ҳамсоя солҳои охир дар зинаи нав шакл гирифт. Дар тадбир сарҳисоби натиҷаҳои амалии созишномае, ки дар давоми ҷаласаи 5-уми комиссияи байниҳукуматӣ аз ҷониби вакилони ҳукуматии ду мамлакат ба имзо расида буд, шунида шуд.
Баробари ин масъалаи дар оянда боз ҳам равнақ додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои маданӣ-гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, нақлиёт-алоқа, энергетика ва хоҷагии обу деҳот муҳокима гардид.
Барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар ин самтҳо созишномаҳо имзо гардиданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: