Ёрии таъҷилии тиббй такмил меёбад

Ёрии таъҷилии тиббй такмил меёбад

Пештар аҳоли аз аҳволи хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ қонеъ намешуд. Ҳоло вазъият беҳ мешавад. Агар дар соли 2017 ба аҳолии вилоятамон 137 автомобили ёрии тиббӣ хизмат расонида бошад, имрӯзҳо миқдори онҳо ду баробар зиёд шуд.
Дар асоси Қарори Парезидентамон аз 16-уми марти соли 2019 “Дар бораи чора-тадбирҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти хизмати ёрии тиббии таъҷилӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддӣ” ҳамаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, ки дар вилоятамон фаъолият доранд, ба тасарруфи корхонаи мо гузашт.
Дар натиҷа 26 реанимобили замонавӣ ва 89-то автомобили ёрии таъҷилии тиббии “Дамас” гирифта шуд ва 515-та ҷои кори нави ронандагӣ ташкил шуд.
Соли 2018 ваколатхонаи Оҷонси ҳамкорӣ ва мутобиқгардонии Туркия дар Ӯзбекистон ба таври беғаразона 6-то реанимобил ва 11-то автомобилҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ҷудо кард.

А.КАРИМОВ, роҳбари корхонаи давлатии “Автотранспорти ихтисосонидашуда”-и шаҳри Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: