Сессияи Шӯрои вилоят

Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи 5-уми апрел Сессияи шастусаввуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.
Дар кори сессия, ки ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ кард, депутатҳо, намояндагони ташкилотҳое, ки ба масъалаҳои рӯзномаи сессия вобастаанд ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи сессия – доир ба иҷрои пешбинишавандаи буҷети маҳаллии вилоят дар чоряки якуми соли 2019 ва параметрҳои буҷет дар чоряки дуюм ҷонишини сардори сарсадорати молияи вилоят М.Исмоилов баромад кард.
Қайд гардид, ки дар даври ҳисобот қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 104,4 фоиз иҷро шуд, яъне ба ҷои 512,3 миллиард сӯми пешбинишуда 560,5 миллиард сӯм ворид гардид. Вале дар баъзе ноҳияҳо қисми даромади буҷет иҷро нашуд. Аз ҷумла, ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои Нуробод 77, Тайлоқ 84 фоизро ташкил кард. Қисми хароҷоти буҷет бошад, ба 91 фоиз (1 тириллиону 18,8 миллиард сӯм) иҷро гардид.
Дар рафти мониторинги истифодаи мақсадноки буҷет муайян карда шуд, ки 560,2 миллиард сӯм аз рӯйи таъиноти мақсаднок истифода нашудаанд. Ҳуҷҷатҳо доир ба фактҳои истифодаи ғайримақсадии 405,3 миллиард сӯм воситаҳои буҷетӣ аз тарафи 26 ташкилоти буҷетӣ ба идораҳои дахлдор фиристода шуданд.
Сипас депутатҳо, мувофиқи рӯзномаи сессия масъалаи «Ташкили комиссияи Шӯрои вилоятӣ доир ба ҳифзи қонунмандӣ, ҳуқуқу тартибот, бехатарии шаҳрвандон ва мубориза бар зидди коррупсия»-ро муҳокима карда, ҳайати комиссияро бо сарварии прокурори вилоят тасдиқ намуданд.
Аз рӯйи масъалаи навбатии рӯзномаи сессия – «Доир ба иҷрои вазифаҳое, ки дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев 11-уми январи соли 2019 ба вилояти Самарқанд муайян шудаанд», ҳокими вилоят Э.Турдимов баромад карда, дар бораи корҳои дар даври гузашта иҷрогардида ва вазифаҳои оянда ҳарф зад. Вай диққати депутатҳо ва роҳбарони идораву ташкилотҳои вилоятиро ба иҷрои бечунучарои ҳамаи 206 супориши додашуда нигаронд. То ҳол аз 87 супориш 60-тояш саривақт иҷро гардидааст. Иштирокчиёни сессия, инчунин, ҳисоботи Ш.Сафароваро дар бораи фаъолияти намояндагии минтақавии вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) оиди ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои одамон ва шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ дар соли 2018 шуниданд.
Қайд гардид, ки дар даври ҳисоботӣ 36 муроҷиати хаттӣ ва 40 муроҷиати шифоҳӣ расид. Ҳамаи онҳо дар муддати муайяншуда баррасӣ гардиданд. Намояндагӣ дар давоми сол 22-то қабул гузаронд, ки дар онҳо муроҷиати 32 шаҳрванд шунида шуд.
Мувофиқи рӯзномаи кори сессия депутатҳо ҳисоботи роҳбарони 4 секторро дар бораи корҳои дар соли 2019 иҷрогардида дар ҳудудҳое, ки ба онҳо вобаста шудаанд, муҳокима намуданд ва фикри худро дар бораи роҳҳои ҳалли муаммоҳои мавҷуда баён карданд.
Дар сессия, инчунин, масъалаҳои додани қитъаҳои замин ва фурӯши объектҳои давлатии бекорхобида бе савдои музояда (ауксион), бо роҳи гуфтугӯи бевосита бо инвесторҳо, оиди баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9-уми октябри соли 2017 «Дар бораи чораҳо доир ба куллан такмил додани сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи самараноки заминҳои корами хоҷагии қишлоқ», дар бораи ташкили комиссияи минтақавии Шӯрои вилоятӣ доир ба профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини бехатарии ҷамоатӣ, ташкили минтақаҳои хурди иқтисодӣ дар вилояти Самарқанд ва ғайра муҳокима гардиданд.
Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои дар сессия муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: