Муроҷиати 10 нафар тадбиркор шунида шуд

Муроҷиати 10 нафар тадбиркор шунида шуд

Дирӯз дар Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят вохӯрии ҳокими вилоят Э.Турдимов бо тадбиркорон баргузор гардид.
Барои иштирок дар вохӯрӣ, ки бо мақсади дастгирии фаъоли тадбиркории хусусӣ ва тиҷорати хурд, ривоҷ додани тадбиркории оилавӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои корхонаҳое, ки бо фаъолияти экспортӣ машғуланд, ташкил шуд, 31 нафар тадбиркор аз рӯйхат гузаштанд.
То рӯзи қабули навбатии ҳокими вилоят муроҷиати 21 нафар тадбиркор ҳалли худро ёфт.
Муроҷиати 10 нафар дар рафти қабул муҳокима гардида, аз рӯйи иҷрои масъалаҳо ба мутасаддиён як ҳафта муддат дода шуд. Иҷрои онҳо зери назорати ҳокимият ва Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят гирифта шуд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: