Мақсади асосӣ – осоиштагӣ

Мақсади асосӣ – осоиштагӣ

Рӯзи панҷшанбеи гузашта дар бинои мактаби мусиқии шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд қабули сайёри сардори Садорати корҳои дохилии вилоят, полковник Азиз Тошпӯлодов ба вуқӯъ пайваст.
Дар рафти қабули сайёр қариб 50 нафар шаҳрвандон аз рӯйи масъалаҳои мухталиф ба сардор муроҷиат карданд. Бояд таъкид намуд, ки аксари онҳо дар ҳамон ҷой ҳалли худро ёфтанд, ки аз ин шаҳрвандон хурсанд шуданд.
– Мақсади асосӣ – тинҷӣ ва осоиштагии мардум аст, – гуфт Азиз Анварович, – бинобар ҳамин, мо ба ин масъала низ диққати махсус медиҳем. Чанде пеш вазири корҳои дохилӣ, генерал-­лейтенант Пӯлод Бобоҷонов ба Самарқанд ташриф фармуда, бо фаъолияти мо шинос шуд ва вазифаҳои таъхирнопазир гузошт. Воқеан, ариза ва шикоятҳои шаҳрвандон на танҳо ба идораи корҳои дохилӣ, инчунин масъалаҳои таъминоти нерӯи барқ, таъмири роҳ, беҳдошти манзили зист, пеш бурдани соҳаи тадбиркорӣ ва ғайра вобаста буд, ки иҷрои онҳо ба зиммаи ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов гузошта шуд.

З.ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: