Инвеститсия барои рушди таълим

Инвеститсия барои рушди таълим

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо ташаббуси Садорати таълими халқи вилоят оиди мавзӯи «Дар сохтори таълими халқ таҳлили корҳои амалигардида аз рӯйи барномаҳои инвеститсионӣ, ҳамкорӣ бо хориҷа» анҷумани матбуотӣ ба амал омад. Раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев ба тадбир ифтитоҳ бахшида, доир ба мақсади гузаронидани он ҳарф зад.
Сардори садорат Зафар Каримов аз рӯйи мавзӯи анҷуман маълумот пешкаш намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар сохтори таълими халқи вилоят, ҷамъ 1242 муассисаи таълимӣ (1214 мактаби таълими умумӣ, 9 мактаби махсус ва мактаб – интернат, 2 Хонаи меҳрубонӣ, 17 маркази бачагонаи «Авлоди баркамол») фаъолият дорад.
Дар вилоят соли 2018 дар асоси барномаҳои давлатӣ дар 98 мактаби таълими умумӣ ба миқдори 151, 7 миллиард сӯмина корҳои сохтмониву таъмирнамоӣ амалӣ гардид.
Аз рӯйи таъмини иҷрои супоришҳои Президентамон ҳангоми сафари рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ дар сохтори таълими халқӣ аз рӯйи корҳои амалишаванда «Харитаи роҳ» тасдиқ гардидааст. Бар асоси харитаи мазкур вазифаҳои гуногун муайян шудааст. Масалан, 278 мактаби камқуввати вилоятро ба мактабҳои соҳавӣ мубаддал кунонидан; зина ба зина беҳ намудани шароитҳои 203 филиали мактаби вилоят; беҳтаргардонии муаммоҳои бо оби нӯшокӣ вобастаи 282 мактаб; беҳтар кардани сохтори гармидиҳии 480 мактаб; беҳ намудани шароити 414 мактаб, ки толори варзишӣ надоранд, аз ҳамин қабил корҳоянд.
Имрӯзҳо дар мактабҳои ихтисосонидашудаи рақамҳои 37, 43 ва 51-и шаҳри Самарқанд ҳамкорӣ бо давлатҳои Франсия, Германия ва Англия ба роҳ монда шудааст. Роҳбари шӯъбаи ташкили фаъолияти муассисаҳои садорат Ғайрат Бобохолов аз рӯйи дастурҳои байналхалқии баҳомонии дараҷаи саводхонии 15-солагон дар равияҳои хониш, математика ва табиӣ муайяншудаи PISA баромад кард. Ба воситаи слайдҳо оиди ин дастур маълумоти мукаммал пешкаш намуд.
Дар поёни тадбир ба саволҳои зиёди журналистон роҳбару мутахассисони садорат посух доданд.

Ҷ.ОБИДОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: