Ҳайати намояндагони Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят ба Хитой рафтанд

Ҳайати намояндагони Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят ба Хитой рафтанд

Ҳайати намояндагони вилояти Самарқанд иборат аз соҳибкорон ва роҳбарони мутасаддӣ бо сарварии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба Ҷумҳурияти Мардумии Хитой рафтанд. Дар бораи ин Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод.
Дар доираи ташриф, ки бо мақсади ба зинаи нав баровардани ҳамкориҳо дар соҳаи тадбиркорӣ амалӣ мегардад, музокира ва вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Мувофиқи барнома вохӯрии аввалин дар шаҳри Чженчжоуи провинсияи Хэнан барпо гардид. Ҳайати намояндагон бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии назди Аэропорти байналхалқии шаҳри Чженжоу ва корхонаҳои истеҳсолии он аз наздик шинос шуданд. Бо тадбиркорон музокираҳо гузаронданд.
Дар нимаи дуввуми рӯз бо витсегубернатори провинсияи Хэнан, ҷаноб Ҳуанқ Қианг вохӯрӣ ба амал омад.
Ҳайати намояндагон дар қабули расмие, ки ба шарафи меҳмонони намоишгоҳи инвеститсия ва савдои байналхалқӣ ташкил гардидааст, иштирок карданд.
Фаъолияти ҳайати намояндагон дар Ҷумҳурияти Марудмии Хитой давом дорад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: