Дар мамлакатамон ба вуҷуд овардани муҳити иҷтимоӣ

Дар мамлакатамон ба вуҷуд овардани муҳити иҷтимоӣ

Муҳити иҷтимоии дар ҳар гуна ҷамъият мавҷудбуда тақдири ҳаррӯза ва истиқболи ояндаи онро муайян менамояд. Ғояҳои бунёдкор ва вайронкор мувофиқи табиати иҷтимоии худ барои ба вуҷуд овардани муҳити иҷтимоӣ дар ҷамъият саҳм мегузоранд. Муҳити иҷтимоӣ гуфта муносибатҳои иҷтимоӣ-­иқтисодӣ, сиёсӣ-­ҳуқуқӣ, маънавӣ-­мадании дар байни одамон дар асоси тамоюлҳои адолатпарварона ташкилгардидаро мефаҳманд, ки дар натиҷаи ҳаракати ба ҳам омехтагардидаи онҳо ба вуҷуд омадааст. Дар он, агар ғоя ва мафкураҳои бунёдкор барои ба вуҷуд овардани муҳити иҷтимоӣ, осоиштагӣ ва барқарорӣ кӯшиш кунанд, ғояву мафкураҳои вайронкор барои дар ҷамъият ба вуҷуд овардани муҳити иҷтимоие, ки дар он зиддият, ҷанг, ғайбат, бӯҳтон, зӯроварӣ барин нуқсонҳо реша давонидааст, ҳаракат менамоянд.
Дар ин бора достони халқии дӯстдоштаамон – «Алпомиш» ба ёд меояд, ки намунаи тафаккури эҷодӣ, боигарии намоёни маънавӣ ба шумор рафта, дар муҳити табиии иҷтимоӣ чӣ гуна ташаккул ёфтани халқамон, дар давраҳои қадим ҳам инкишоф ёфта, паҳлӯ ба паҳлӯ истода, душвориҳоро дар якҷоягӣ бартараф намудани аҷдодонамонро тасвир намудааст.
Таъсири муҳити иҷтимоӣ ба бачаҳо дар романи нависанда Х.Тӯхтабоев «Чашмони ғамолуд» баръало намоён мегардад. Аз ин рӯ, барои чунин муҳити иҷтимоиро ба вуҷуд овардан авлоди ҷавонро ба китобхонӣ, аз ёд кардани шеър, дар вақти холӣ ба спорт машғул шудан бояд водор намуд.
Дар миқёси байналхалқӣ оиди муаммоҳои ҷавонон ва бартараф намудани он Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Хазинаи ЮНИСЕФ‑и СММ, Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи тандурус­тӣ мавқеи алоҳида доранд. Алҳол дар кураи замин қисми зиёди аҳолиро ҷавонони аз 14 то 35-сола ташкил мекунанд ва 85 фоизи онҳо дар мамлакатҳои ривоҷёфта зиндагӣ доранд. 209 миллион нафари онҳо маҷбуранд, ки дар як рӯз ба 1 доллари ИМА, 515 миллион нафарашон бо хароҷоти аз 2 доллар камтар рӯз гузаронанд. 10 миллион нафар писарону духтарон ба ОИТС гирифтор шудаанд. Ҳарчанд авлоди имрӯзаи ҷавон нисбати таърихи инсоният саводнок ба шумор раванд ҳам, ҳозир дар дунё 130 миллион нафар наврас аз таълими мактабӣ бебаҳраанд. Ин маънои онро дорад, ки 130 миллион нафар ҷавонон бесаводанд.
Дар мамлакатамон сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон ба ҳуҷҷатҳои қонунмандии миллӣ ва қоидаву қонунҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ асос ёфтааст. Дар давоми 25 соли гузашта доир ба соҳа асосҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуда, такомул меёбанд. Сохтори ҳуҷҷатҳои аз тарафи қонун нишондодашудаи ҳуқуқҳо, манфиатҳо ва озодиҳои ҷавонон такмил ёфт. Ба ғайр аз Конститутсия ва қонун оид ба ин соҳа 22-то қонун, 15-то Фармон ва 11-то қарори Президент, 41-то қарори Девони Вазирон, 32-то ҳуҷҷати идоравӣ-­меъёрӣ дар амал татбиқ гардид. Инчунин, Ӯзбекистон бевосита иштирокдори зиёда аз 30 ҳуҷҷати байналхалқӣ, ки ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавонон нигаронида шудааст, ҳисоб меёбад.
Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон барои ташаккули муҳити иҷтимоӣ асосҳои маънавӣ ва ҳуқуқие, ки устувории манфиатҳои инсонро таъмин менамояд, шакл гирифтааст. Акнун аз ин имкониятҳо босамар истифода бурдан бояд ба вазифаи масъулиятноки мо ҷавонон табдил ёбад.

С.ЁРҚУЛОВ,
донишҷӯйи ДДС,
Ш.КУБАЕВА,
Г.СУЛТОНОВА,
омӯзгорони ДДС.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: