Мубориза бар зидди коррупсия

Мубориза бар зидди коррупсия

Дар мамлакатамон барои мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои гуногун чораҳои қатъӣ дида шудааст. Хусусан, баъди ба қувват даромадани Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 4-уми январи соли 2017 барои барҳам задани коррупсия тамоми асосҳо фароҳам омад.
Мувофиқи он, дар Садорати боҷхонаи вилоят бо ходимоне, ки нав ба кор қабул шудаанд ва падару модарони онҳо тадбир баргузор гардид. Онро ҷонишини якуми садорат Ш.Салихов кушода, таъкид намуд, ки дар мамлакатамон оиди мубориза бар зидди лоқайдӣ, бепарвоӣ, порахӯрӣ, коррупсия, сохтакорӣ, суиистеъмоли мансаб корҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Ходими прокуратураи вилоят Ш.Маматқулов, сардори шӯъбаи мувофиқгардонии фаъолияти экспертизаи ҳуқуқӣ ва хизматҳои юридикии Садорати адлияи вилоят Н.Сафаров, инспектори калони шӯъбаи зудамали садорати вилоятии Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ҷ.Ҳайдаров ва директори Маркази кӯмак ба тадбиркорони Садорати ҳудудии вилоятии Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон Н.Бердиев доир ба мавзӯъ фикр баён намуданд.
– Ба содир шудани ҳар гуна қонуншиканиҳо ва афзудани он аксаран бефарқии худамон сабаб мешавад, – гуфт падари ходими боҷхона Зафар Раҷабов – Исом Раҷабов. – Якдилии ҳамаи мо, афзудани дахлдорӣ ба тақдири мамлакат барои тамоман барҳамхӯрии ҳар гуна иллат хизмат мекунад.
Дар давоми тадбир видеофилми махсус дар бораи шароитҳои фароҳамовардашуда барои ходимони хизмати боҷхона намоиш дода шуд.


Хизмати ахбори
Садорати боҷхонаи вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: