Олими Италия дар Самарқанд

Олими Италия дар Самарқанд

Ҷамоаи стансияи илмиву таҷрибавии Донишкадаи тадқиқотии боғдорӣ, ангурпарварӣ, виносозии ба номи академик Маҳмуд Мирзоев дар Самарқанд соли ҷорӣ на танҳо ба боғбонони вилоятамон, балки ба кишоварзони вилоятҳои ҳамсоя зиёда аз 20 навъи ниҳолҳои дарахтони мевадор ва навъҳои «Малика», «Суғдиёна», «Мотуридий» — и кишмиш мерасонанд.
Ҷамоа дар асоси лоиҳаи «Бонки ҷаҳонӣ» фаъолият пеш мебарад. Ходимони стансияи таҷрибавӣ Ӯрмон ва Бахтиёр Мирзоҳидовҳо, Улуғбек Бойҷигитов ба харидорон дар бобати интихоби маҳсулот кӯмак мекунанд.
Имрӯзҳо олими италиягӣ Карбо Карли дар асоси лоиҳаи «Бонки ҷаҳонӣ» дар стансияи таҷрибавӣ аз рӯйи муайяннамоии касалии ниҳолҳо кор мебарад. Мақсади лоиҳа ташкили биолабораторияҳои минтақавӣ мебошад. Карбо Карли солҳо дар якчанд мамлакати Африка, Ҷумҳуриятҳои Қирғизистон, Ҳиндустон ва Франсия дар бобати аниқнамоии касалиҳои кӯчатҳои мевадор ва ғалла тадқиқотҳо бурдааст.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: