Маликаи олами санъат

Маликаи олами санъат

Дар арафаи айёми баҳор хушхабаре, ки аз пойтахтамон — Тошканд расид, дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин, дар ноҳияи Оқдарё паҳн гардид. Хонандаи синфи 10-уми мактаби таълими умумии ихтисосонидашудаи рақами 45-и назди шӯъбаи таълими халқии ноҳия Мадина Қаноатова ба мукофоти давлатии ба номи Зулфия сазовор гардид.
Дар натиҷаи меҳнату заҳмати чандсола раққосаи ҷавон Мадина дар равияи санъати рақси миллӣ эҷод мекунад. Ӯ аз имкониятҳое, ки ба ҷавонон фароҳам оварда шудааст, истифода бурда, дар фес­тивалҳои ҷумҳурӣ, озмунҳои байналхалқӣ истеъдоди худро сайқал медиҳад. Соли 2015 дар озмуни «Окно в Европу» (шаҳри Санкт-­Петербурги Федератсияи Россия) ва дар озмуни байналхалқии «Dance Olympiad Riga 2015» (шаҳри Ригаи Латвия) ширкат варзида, ҷойи дуюмро ишғол кард ва бо дипломи дараҷаи дуюм тақдиронида шуд.
Мадина дар озмуни байналхалқии «DEBIT PREMIUM» низ иштирок карда, бо дипломҳои дараҷаи якум ва дуюм мукофотонида шудааст.
Соли 2018 дар озмунҳои байналхалқии «Чудеса искусства» (шаҳри Сарански Федератсияи Россия), фестивали вилоятии «Баҳор ифори» (Самарқанд), фестивали сарояндагии якка, фестивали байналхалқии «Рақсҳои миллии фолклори турк» (шаҳри Истамбули Туркия) бомуваффақият иштирок намуда, ҷойи якумро ба даст овард ва бо дипломҳои дараҷаи якум сарфароз гардид.
Ҳамин сол дар фестивалҳои байналхалқии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, аз тарафи ҳокимияти вилояти Самарқанд бо Ифтихорнома мукофотонида шуд. Дар ҳақиқат меҳнат, саъю ҳаракати Мадина Қаноатова аз ҷониби ҳукуматамон ба таври муносиб қадрёбӣ гардид.

Гулсара ТИНИБЕКОВА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: