Такмилёбии китобҳои дарсӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд

Такмилёбии китобҳои дарсӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд

Имрўзҳо дар ҳама соҳа ислоҳотҳо давом меёбад, ки он яке аз талаботи асосии замон аст. Дар соҳаи таълим низ як қатор навгониҳое ба амал бароварда шуданд, ки барои дуруст ба роҳ мондани сифати таълим, инчунин дар асоси стандарти давлатии таълим (СДТ) ва барномаи таълимӣ табъу нашр намудани китобҳои дарсӣ хизмат мекунанд.
Маълум аст, ки ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва дар асоси талаботи замон нашр намудани китобҳои дарсӣ аз ҷониби омўзгорон экспертиза гузаронида мешавад.
Аз ҷумла 8-уми ноябри соли 2018 ва 1-уми марти соли 2019 китобҳои дарсии синфи 1-ум «Алифбо», «Ҳусни хат», «Забони модарӣ», «Китоби хониш», синфи 3-юм «Забони модарӣ» ва «Китоби хониш», синфи 8-ум «Забони тоҷикӣ» ва «Адабиёт» ва синфи 9-ум «Забони тоҷикӣ» ва «Адабиёт» аз нав пурра таҳлил карда шуданд.
Дар ҷараёни муҳокима баъзе камбудиҳои китобҳои дарсӣ бартараф карда шуда, ба ҷойи онҳо маводи таълимӣ ва тарбиявӣ дохил карда шуданд. Масалан, дар китоби «Алифбо» баъзе ҳарфҳои ҳоло наомўхтае, ки бо ҳамин ғалатҳо солҳо табъу нашр мешуд, ҳарфҳои мувофиқ гузошта шуд. Ба ҷойи баъзе расмҳои кўҳна суратҳои сифатан нав ва ба ҷойи баъзе нақшаҳои дидактикии барои бачаҳо мураккаб маводи нави замонавӣ дохил карда шуд. Дар «Дафтари ҳусни хат» низ расмҳои сифатан нав ва ба ҷойи баъзе калимаҳои мураккаб калимаҳои барои бачаҳо шавқовару соддатар, дар китоби «Забони модарӣ» ҳам баъзе машқҳо иваз карда шуда, мувофиқи ҳар машқ суратҳои нави замонавӣ, мисли компутер, ноутбук, планшет ва дигари сифатан нав ҷой дода шуданд.
Маълум аст, ки ҳар як китоби дарсӣ дар асоси барномаи таълимӣ офарида шуда, мавзўъҳои он бояд пурра ба талаботи барнома мувофиқат кунанд. Дар ҷараёни таълим баъзе мавзўъҳои мураккабе, ки омўхтани он барои донишомўзон ва омўзгорон мураккабтар буд, бо хоҳишу дархости онҳо содда ё мавзўи дигар илова гардид.
Бо ҳамин мақсад, дар синфи 8 аз фанни «Забони тоҷикӣ» ба ҷойи як қисм машқҳое, ки мураккаб буданд, машқҳои таълимӣ ва тарбиявии ба синну соли донишомўзон мувофиқ дохил карда шуд. Баъзе таърифҳое, ки барои бачаҳо мураккаб буданд, соддатар карда шуданд. Ба ғайр аз ин, дар асоси талаботи машқҳо ба китоб суратҳои нави замонавӣ дохил карда шуд.
Аз китоби «Адабиёт»-и синфи 8-ум як мавзўи мураккаб, ба мисли «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳусайн Воизи Кошифӣ» аз барнома бароварда шуда, ба ҷойи он мавзўи ба синнусоли донишомўзон мувофиқ «Ҳаёт ва эҷодиёти Зебуннисо» дохил ва баъзе шеър ва асарҳои калонҳаҷм ихтисор карда шуд. Ба ғайр аз ин, дар боби адабиёти ўзбек баъзе шеър ва ғазалҳои Машраб ва Муқимӣ аз нав таҳрир ва тарҷума гардид.
Чунин дигаргуниҳо дар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 9-ум ҳам ба амал омаданд.
Аз сабаби зиёд шудани соатҳои барномаи таълимӣ дар синфи 9-ум аз фанни «Адабиёт» (ба ҷойи 68-соат 102 соат) ба барнома ва китоби дарсӣ низ 2 мавзўи нав – «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҷонибек Қувноқ» ва «Зиндагинома ва осори Чоршанбеи Деҳнавӣ» илова карда шуд.
Баъзе шеър ва асарҳои калонҳаҷми адибоне, ки омўхтани он барои донишомўзон мураккабтар буд, ихтисор ва соддатар карда шуданд.
Бояд ҳар як омӯзгор донад, ки талаботи омӯзиши маводе, ки дар СДТ дода шудааст хоҳ он асари лирикӣ ва ё хоҳ асари эпикӣ бошад, беш аз ҳама таҳлили мазмуни он мадди назар қарор ёбад. Барои ин гуна таҳлилҳоро дар китоби дарсӣ гузаронидан, луғатҳои баъзе калимаҳои душворфаҳм дохил карда мешавад. Барои ҳамин ҳангоми хонандагонро бо мероси маънавиамон ошно сохтан ва барои фаҳмонидани манбаи аслии дар китобҳои дарсӣ дода шуда, онҳо бояд бо луғат сару кор карданро ёд гирифтанашон лозим аст.
Бояд қайд кард, ки ҳар як омўзгор дар ҷараёни дарс мавзўъро ба таври хушку холӣ, ё ба таври вазифа додан, ё бетаҳлил аз ёд кардани асар маҳдуд нашуда, бо тамоми маҳорат мазмуни онро таҳлил карда, аз усулҳои нави замонавӣ истифода барад. Зеро вазифаи асосии муаллим ташкили дурусти ҷараёни дарс ва аз омӯзонидани мавзӯъ иборат мебошад.
Мақсад аз таъмин намудани китоб­ҳои дарсии босифат дар он аст, ки бояд барои инкишоф додани эҷодкорӣ, маданияти нутқ ва тафаккури мантиқии донишомўзон ҳар як омӯзгор кӯшиш ба харҷ диҳад. Хушсифату пурмазмун ба идомадиҳандагони фарҳангу забони модарии мо таълиму тарбия додан вазифаи асосии ҳар як омӯзгор аст.

Ҷ.ЭШОНҚУЛОВ,
сарметодисти шўъбаи фанҳои филологии Маркази таълими республикаи Вазорати таълими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: