6 фоидаи шибит

6 фоидаи шибит

Шибит растании хӯрданӣ ва боғӣ мебошад. Онро бо забони русӣ укроп мегӯянд аз сабзаҳои муътабартарин ва боқадр ҳисоб меёбад. Агар инро дар соя хушк кунанд қувваташ то ду сол боқӣ мемонад.

1. Агар тари онро кӯфта ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонад.
Онро бо тамоми таомҳо бихӯранд, низ варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепазонад.

2. Ғизоро ҳазм мекунад. Ҳар рӯз 50 грамм тари онро дар об 5-6 дақиқа ҷушонида, он обро бинӯшанд, интиҳояш дар рӯзи панҷум ё шашум сангҳои гурда ва хичакро майда карда, бо воситаи пешоб мерезонад.

3. Ҳангоми заҳролуд гаштани бадан хоҳ аз хуроки мурдор заҳролуд шавад, хоҳ ҷонварон бигазанд ба ҳаммааш шифо мебахшад.

4. Дарди рӯдаро таскин медиҳад.

5. Ҳар як қисми шибитро, яъне тухмӣ, барг,ё пояш бошад бихӯранд, бемориҳоеро, ки аз зиёд гаштани моддаи балғам дар узвҳои даруни сина ё дар меда ба судур расидаанд, ба ибро меоварад .

6. Онро куфта, бо асал то қивом шуданаш бипазанд ва онро аз рӯ ба меъда бимоланд, ба осонӣ ислоҳ меоварад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: