Таърихи санъати кулолӣ ва инкишофи минбаъдаи он

Таърихи санъати кулолӣ ва инкишофи минбаъдаи он

Дирӯз дар ҳавлӣ боғи сокини маҳаллаи Хоҷағунҷоиш‑2 (дар мавзеи Мотуруди шаҳри Самарқанд), директори Маркази таърихӣ, маданӣ, маънавию маърифатӣ ва ҳуқуқии «Шарқ дурдонаси» («Дурдонаи Шарқ») Шавкат Раҳимов дар мавзӯи «Таърихи санъати кулолӣ дар Ӯзбекистон ва ривоҷёбии минбаъдаи он» намоиши маҳсулоти вакилони мактаби кулолии Самарқанд баргузор гардид. Дар он ҳунармандон, меҳмонон аз мамлакатҳои Франсия, Россия, Қазоқистон, ва дигарон иштирок карданд.
Дар маросими кушодашавии намоишгоҳ Президенти Академияи фанҳои «Тӯрон» Ҳайдарбек Бобобеков, витсе-­президент, раиси шӯъбаи вилоятии академияи мазкур Фарҳод Аҳмадҷонов, раиси маҳаллаи Хоҷағунҷоиш – 2 Илҳом Пӯлодов, Шавкат Раҳимов ва дигарон ба сухан баромада, оиди таърихи санъати – кулолӣ, комёбиҳои кулолони самарқандӣ дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ ва ғайра ҳарф заданд.
Устои халқии Ӯзбекистон Холмамат Исматуллоев назди меҳмонон ҳунарашро намоиш дод.
Дар шаҳри бостонӣ баҳри ривоҷи санъати кулолӣ устоҳо А.Мухторов, М.Носиров, Ҳ.Шарофов, Х.Ҳақбердиев, Ҳ.Ботуров, Ҷ.Қобилов, Ш. Азимов, Ф.Азимов ва дигарон, ки ба услуби «Афросиёб» ҳисса гузоштаанд.
– Дар намоишгоҳ бо 10 маҳсулоти кулолии худ иштирок кардам. Кулолиро аз устодам М.Носиров ёд гирифтам. Вай шогирди кулоли машҳури самарқандӣ Усто Умар Ҷӯрақулов мебошад, – изҳори ақида намуд кулол аз маҳаллаи Оби раҳмати шаҳри Самарқанд Илҳом Бобомуродов.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: