Инвеститсияи бевоситаи хориҷии 77,4 миллиондоллара

Инвеститсияи бевоситаи хориҷии 77,4 миллиондоллара

дар нимсолаи якум аз худ карда мешавад

Таҳти раисии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 8-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлиси видеоселекторие, ки бахшида ба масъалаҳои таҳлили амалишавии инвеститсияи бевоситаи хориҷӣ ва лоиҳаҳо бо иштироки ташкилоти молиявии байналхалқӣ, муайян кардани вазифаҳо доир ба нимсолаи якум гузашт, корҳои дар баъзе соҳаву ҳудудҳо дар равияи мазкур иҷронашуда танқид гардид. Аз ҷумла, камбудиҳои дар вилояти Самарқанд роҳдодашуда алоҳида қайд карда шуд.
Мувофиқи маълумоти Садорати вилоятии инвеститсияҳо ва савдои беруна, барои соли ҷорӣ дар доираи Барномаи инвеститсионӣ аз рӯйи 1056 лоиҳа азхудкунии 9198,6 миллиард сӯмина инвеститсияҳо дар назар дошта шудааст.
Хусусан, аз ҳисоби манбаъҳои марказонидашуда аз рӯйи 121 объект 385,4 миллиард сӯм, аз рӯйи 55 лоиҳа 169,6 миллион доллар инвеститсияи бевоситаи хориҷӣ, аз ҳисоби кредитҳо зери кафолати ҳукумат аз рӯйи 1 лоиҳа 23,5 миллион доллар, аз рӯйи 879 лоиҳа 7210,5 миллион сӯмина инвеститсияҳои хориҷӣ дохил намудан ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи ҷамъбасти чоряки 1-уми соли 2019 нисбати нақшаи солона 25,7 фоиз ё ки 2367,7 миллион сӯм азхудкунии маблағ таъмин карда шуд. Аз ҷумла, барои 22 лоиҳа инвеститсияи бевоситаи хориҷии 7,3 миллиондолларӣ (нисбати нишондоди солона 4,3 фоиз) дароварда шуд.
– Аз вазифаҳои дар наздамон гузоштаи Президентамон ва ҷамъбасти чоряки якум хулоса бароварда, барои даври боқимонда чораҳои ҷалб кардани инвеститсияҳои бевоситаи хориҷӣ ва дар муддаташ иҷро кардани лоиҳаҳои нишондодашударо мебинем, – гуфт сардори Садорати инвеститсия ва савдои берунаи вилоят Ф.Маҷидов. – Барои ин чораву тадбирҳои заруриро муайян намудем. Аз ҷумла, баъд аз супоришҳои дар маҷлиси 20-уми март нишондодашуда ба таври илова аз ҳисоби инвеститсияҳои бевоситаи хориҷии 29,7-миллиондолларӣ 15 лоиҳаи амалишаванда аниқ гардид. Аз ҳисоби ин лоиҳаҳо, дар вилоят то охири соли 2019 199,3 миллион долларро ташкил намудани инвеститсияҳои бевоситаи хориҷӣ (70 лоиҳа) дар назар аст.
Лекин дар амалишавии баъзе лоиҳаҳо муаммоҳо дучор мешаванд. Дар баёни маҷлиси бо ҷамъбасти ташрифи роҳбари давлатамон ба вилоят дар 11-уми январи соли ҷорӣ тасдиқгардида дар ноҳияи Каттақӯрғон бо мақсади дар муддаташ таъмини амалинамоии лоиҳаи инвеститсияи бевоситаи хориҷии арзишаш 220-миллиондолларӣ дар корхонаи муштараки «Hengyuan Cement», ки барои истеҳсоли семент муқаррар гардидааст, аз рӯйи додани имтиёзҳои боҷхона ва андоз барои таҷҳизоти технологии импортӣ супориш дода шуда буд. Бо тартиби дар ин асос муайянгардида лоиҳаи қарори Девони Вазиронро тайёр намуда, дохил карданд. Агар қарори мазкур тезтар қабул шавад, дар амалишавии ҳамин лоиҳа кӯмаки калон мегардид.
Ба ғайр аз ин, дар шаҳри Самарқанд аз ҳисоби инвеститсияи бевоситаи хориҷии 207-миллиондолларӣ аз ҷадвалҳои шӯъбавии 14 меҳмонхона 6-тоаш кор карда баромада, тасдиқ шудааст. Барои сар кардани корҳои сохтмонӣ гирифтани хулосаи ЮНЕСКО кашол ёфта истодааст. Агар муаммо тезтар ҳал гардад, ба воситаи ҳамин лоиҳаҳо то охири соли 2019 барои азхудкунии 43,5 миллион доллар инвеститсияҳои бевоситаи хориҷӣ шароит ба вуҷуд меояд.
Мувофиқи нақшаи чораву тадбирҳои таҳияшуда ва ҷадвалҳои шӯъбавӣ бо ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ нисбати нақшаи солона ё ки 4695,8 миллиард сӯм, камаш азхудкунии 51 фоизи маблағ таъмин хоҳад шуд. Дар он миқдори инвеститсияи хориҷии бевосита аз рӯйи 59 лоиҳа 77,4 миллион долларро (46 фоиз) ташкил менамояд.

Ғ.ҲАСАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: