Аллома Айнӣ — адиби бузурги ҷаҳонӣ

Аллома Айнӣ — адиби бузурги ҷаҳонӣ

Садриддин Айнӣ – [1878-1954] – шоир, адиб, олими шарқшинос, мутафаккир ва алломаи бузурги садаи XX буда, соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
Ӯ аз замони кӯдакӣ Қуръони каримро ҳифз намуда, аввало ба ҳифзи илмҳои динӣ: илми калом, ҳадис, тафсир, таъвил, тасаввуф ва сипас ба омӯзиши илмҳои дунявӣ истеъдоди фавқулодда зоҳир намуд.
Садриддин Айнӣ дар давоми умри бобаракоти худ осори зиёди бадеию илмӣ эҷод намуда, дар он таърихи тарзи тафаккури фалсафию психологии мардуми тоҷикро чунон устодона бо банду басти ғоявӣ офарида, ки ин тарзи нигориши адиб ҳар як фардро ба ҳайрат мегузорад.
Осори Аллома Айнӣ асосан ба ду жанри адабӣ: назм ва наср эҷод карда шудааст.
Ба насри бадеӣ – ҳикоя, повест ва романҳои ӯ дохил шуда, ба насри илмии ӯ: «Таҳзиб ус-­сибьён» (1909), «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1920), «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944), «Исёни Муқаннаъ» (1944), «Қайдҳои адабӣ» (1954), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ ул-­вақоеъ» (1956) ва монографияҳои ба Абӯабдулло Рӯдакӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил бахшида шуда, осори публитсистӣ ва ҳоказо мансубанд.
Бузургтарин асарҳои бадеии устод Садриддин Айнӣ, ки шӯҳрати адибро дар арсаи байналхалқӣ дар радифи нависандагони бузурги ҷаҳонӣ, амсоли Оноре де Балзак, Максим Горкий, Николай Островский ва дигарон ҷой додааст, ромони «Ғуломон» ва повести «Марги судхӯр» – и ӯст. Танҳо асари «Ғуломон» — и Аллома Айнӣ ӯро дар қатори адибони гуманисти дунё гузошта, сазовори ҳар гуна мукофотҳои байналхалқӣ будани ӯро собит менамояд.
Ромони «Ғуломон» нахустин романи реалистии фалсафию психологии адиб буда, сюжет ва ғояи ҳаракати озодихоҳии ғуломонро аз зери панҷаи зулми ғуломдорон бо ғояҳои умумиинсонӣ барангехта, бо ғояҳои демократии мардуми муборизи ҷаҳонӣ типикунонида шудааст. Айнӣ ба воситаи ромони «Ғуломон» занҷири зулму ситами золимонаи ҳокимияти фарсудаи Аморати Бухороро баргусаста, тилисми зӯровониро дарҳам шикаста, тарзи тафаккури демократӣ ва роҳу раванди озодиву истиқлолро ба рӯйи мардуми дунё кушодааст. Ӯ собит менамоят, ки роҳи ягонаи наҷот аз зулм ва рӯҳияи ғуломӣ озодии тафаккур буда, он танҳо тавассути донишу фарҳанг ва иродаи матини маънавӣ ба даст оварда мешавад.

Ромони «Ғуломон» характери психологии ғуломонро, ки дар ҳамаи мамлакатҳои дунё мавҷуданд, тасвир намуда бошад, повести «Марги судхӯр» характери психологии мардуми судхӯрону порахӯрон, ки боиси таназзули ҷамият мебошанд, тасвир намудааст. Дар ҳикояи «Аҳмади девбанд» ғояи зиддихурофоту ақидапарастии динӣ, ки дар дунёи рӯҳии одамон ғулғулаву вас­васа падид меорад, тасвир намуда бошад, дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвири бераҳмонаи мактабҳои кӯҳнаи ҷамъияти амирӣ, ки ҳеҷ гоҳ дар тафаккур ва тараққиёти ҷамият ғояи нав афзуда наметавонад, зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст. Дар повести «Одина» бошад, муносибати бой ва камбағал, ки дар ин асар бераҳмию золимӣ, мумсикӣ ва дунҳимматии бойҳо дар қиёси тасвири бойҳо ва камбағалони ҷомеаи ҷаҳонӣ типикунонида шудааст. Дар асари «Ҷаллодони Бухоро» сиёсати террористии аморати Бухоро тасвир гадидааст. Романи «Дохунда» тасвири ғояи озодихоҳӣ ва инқилобии фарзандони заҳматкаши тоҷик тасвир гардида, дар натиҷаи инқилоби озодихоҳӣ ба дунёи озодӣ мебароянд, ки чун як навъ асари ёддоштӣ ин саргузашти давраи ҷавонии адибро ба хотир меоварад.
С.Айнӣ дар методологияи тадқиқоти илмӣ низ як қатор осори нодири замонро офарида, дар эҳё ва рушди адабиёти форсу тоҷик саҳми бузург гузоштааст.
«Намунаи адабиёти тоҷик» – соли 1926 бо ҳуруфи арабӣ дар Москва нашр гардида, нахустин асари илмии ӯ буд. Ин китобро алорағми ононе, ки дар Осиёи Марказӣ мавҷуд будани халқи тоҷикро инкор мекарданд, бо далелҳои қатъии торихӣ: соҳиби таърихи мозӣ, адабиёт, фарҳангу тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ будани мардуми тоҷикро исбот намуда, ғояҳои ботили онҳоро ба рӯйи хок кашидааст. Ин асар бо фитна ва иғвои қавмгароёни мунофиқ пас аз нашр аз тарафи ҳукумати шӯроӣ ҷамъ гардида, ба сӯзонидан фармон дода шудааст.
«Намунаи адабиёти тоҷик» аз се қисм иборат буда, дар ҳар бахш адиб ва олими нуктапардоз дар бораи шоирони тоҷики Мовароуннаҳру Туркистон маълумоти тарҷумаиҳолӣ нигошта, аз эҷоди онҳо намуна меорад.
«Ёддоштҳо» – асари тарҷумаиҳолӣ ва саргузаштии адиб С.Айнӣ буда, ин асар дар байни солҳои 1949-54 дар жанри ёддошт навишта шудааст. Сабаби навиштани ин асарро нависанда дар муқаддимае бо номи «Як-­ду сухан ба ҷойи сарсухан» чунин тасвир намудааст:
«Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас дар ҳар кор дар охирҳои умраш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рўз то рўз сустии аъзо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор, ки назар ба дарёфти худам хеле муҳим буд, расидааст ва бинобар ин, фурсати танги ин зиндагии боқимондаро ғанимат шумурда, ба ин вазифа шурўъ намудам».
«Ёддоштҳо» аз чаҳор қисм иборат аст.
Қисми аввал – тасвири овони кӯдакӣ ва давраи мактабхонии нависанда буда, дар он сию як ёддошти кӯдакӣ бо жанрҳои афсонаву ривоёту ҳикоёт навишта шудааст. Дар хати сюжети ҳамаи он ёддоштҳо шахси нависанда чун қаҳрамони асосии ман иштрок дошта, ҳар як ҳикояту ривоят аксаран бевосита бо гувоҳии худи ӯ аз забони адиб нақл карда мешавад. Ин фасли асар воқеаҳои аз даврони кӯдакӣ то давраи мадрасахонии адибро фаро мегирад.
Қисми дуввум – бо сухани «Даромади сухан» оғоз гардида дар он дар бораи таърихи мадрасаҳои Бухоро, тарзи зист ва таҳсилгирии талаба ва тарзи таълими мударрисон, барномаи таълим дар мадрасаҳо, муносибати моддии талабаҳо ва мударрисон ва таҳсили давраи аёми ҷавонии нависанда дар мадрасаҳои Мири Араб дар сию ду мақолаву ҳикоёти мароқангез тасвир гардидаанд.
Қисми саввум – давраи чун шоири нуктапардоз ва олими заковатманд шӯҳрат пайдо кардани адиб буда, дар ин давр ӯ бо Шарифҷон-­махдум Садри Зиё, Муҳаммадсодиқи Ҳайрат, Абдулвоҳиди Мунзим ва дигарон шиносо шуда, дар тафаккури ӯ рӯшанӣ зоҳир мегардад. Дар ин қисми асар чиҳилу як мақолаву ривоёт ва ҳикояҳои ибратомӯзро тасвир намудааст.
Дар ин қисми асар дар хонаи Садри Зиё, дар мадрасаи Олиҷон, дар мадрасаи Бадалбек таҳсил гирифтан ва тахаллуси шоирӣ интихоб намудани нависандаи ёддоштҳо бо обу раги бадеӣ нигошта шудааст.
Қисми чаҳорум – чиҳилу ду ёддошти адиб­ро фаро гирифта, ин қисми асар давраи камолот, зиндагӣ ва машғулот дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид, мулоқот бо Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, вафоти Аҳмади Дониш, кӯчидани нависанда ба Мадрасаи Кӯкалдош, гирифтор шуданаи нависанда ба доми Амир Абдуаҳад ва зуд халос шудани вай ёддоштҳои дорои аҳамияти илмию тарихии Айниро фаро мегирад.

ХОҶА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: