Муаммоҳо дар  «боғча»-ҳо бисёранд

Муаммоҳо дар «боғча»-ҳо бисёранд

ва ҳалли онҳо ҳамкорӣ ва назорати ҷамоатиро тақозо мекунад

Ҳоло дар муассисаҳои таълими томактабии вилоят 5969 нафар ходимони педагогӣ кор мекунанд, ки 2049 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 3920 нафарашон соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба мавзӯи «Корҳое, ки дар соҳаи муассисаҳои таълими томактабии вилоят ба амал бароварда мешаванд ва фаъолияти боғчаҳои хусусӣ» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Садорати таълими томактабии вилоят Шӯҳрат Раҳмонов дар ин бора ба диққати журналистон маълумот пешкаш кард.
– Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон аз 30-юми сентябри соли 2017 «Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар саросари кишварамон сохтори наву алоҳидаи муассисаҳои таълими томактабӣ (МТТ) ташаккул ёфт ва мақсади бештари фарогирии хурдсолон дар ин гуна муассисаҳо ва тайёр кардани онҳо ба мактаб аниқ карда шуд. Дар давоми якуним соли гузашта, дар ин бобат корҳои ба назар намоёне иҷро гардиданд. Вақте, ки Садорати таълими томактабӣ моҳи ноябри соли 2017 ба фаъолият шурӯъ кард, зери тасарруфи худ 561 муассисаи таълими томактабӣ (553-тоаш давлатӣ ва 8-тоаш нодавлатӣ) дошт. Дар ҳолати 31-уми декабри соли 2018 бошад, шумораи онҳо ба 986 адад расид. Баъди ҷамъбасти чоряки якуми соли 2019 миқдори МТТ‑ҳо 1341 адад гардид. Аз онҳо 628-тоаш давлатӣ, 13-тоаш давлативу хусусӣ, 39-тоаш нодавлатӣ ва 661-тоаш оилавӣ ба ҳисоб мераванд. МТТ‑ҳо аз 315028 нафар хурдсолон 88286 нафарашонро дар оғӯш гирифтанд. Мақсади мо сол аз сол зиёд кардани шумораи МТТ‑ҳо ва дар онҳо бештар фарогирии бачаҳо мебошад.
Баъди ҳамин, мубоҳисаи пурҷӯшу хурӯш сар шуд. Журналистон муаммоҳои сифати хӯроки боғчаҳо, камбудиву норосоиҳои боғчаҳои оилавӣ, душвориҳои молиявии ташкили боғчаҳои хусусӣ, коррупсия дар байни мудирони МТТ‑ҳо ва ғайраро ба миён гузоштанд. Барои ҳаллу бартараф кардани онҳо ҳамкориро пурзӯр карда, назорати ҷамоатиро ба роҳ мондан мувофиқи мақсад дониста шуд. Ба саволи мухбири рӯзномаи мо «Ҳангоми таъмиру азнавсозии ММТ‑ҳо тарбиягирандагони онҳо ба куҷо бояд раванд ва мураббияҳо дар муддати таъмири боғчаҳо бемаош чӣ хел зиндагонӣ кунанд?» Шӯҳрат Раҳмонов чунин ҷавоб дод:
– Дар ҳақиқат, дар баъзе ММТ‑ҳо аз рӯйи нақша корҳои таъмиру азнавсозӣ бурда мешаванд. Дар ин хел вақтҳо бачаҳоро ба боғчаҳои наздиктарин ҷойгир мекунем. Оиди бекориву бемаошии мураббияҳо муаммо вуҷуд дорад. Ин масъала дар зинаҳои болоӣ дида мешавад, вале ҳоло пурра ҳалли худро наёфтааст.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: