Ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои зараровари бегона

Ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои зараровари бегона

Дар мактаби таълими умумии рақами 57, ки дар шаҳраки Фарҳод воқеъ аст, бахшида ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизми динӣ, терроризм ва ғояҳои зараровари гуногун тадбир барпо шуд.
Дар вохӯрӣ, ки Садорати корҳои дохилии шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо прокуратураи ҳарбӣ ташкил кард, хизматчиёни яке аз қисмҳои ҳарбӣ (дар Чупонато воқеъ аст) ва узви оилаҳои онҳо иштирок намуданд.
Дар тадбир профессори ДДС, Ф.Набиев, имом-хатиби масҷиди Шоҳи Зинда Н.Исломов, намояндаи прокуратураи ҳарбии Самарқанд С.Даманов ва дигарон дар бораи корҳое, ки барои ҳифзи ҷавонон аз таҳдидҳои гуногуни динӣ амалӣ мегарданд, инчунин дар онҳо тарбия намудани ҳисси масъулият ба қисмати Ватан ҳарф заданд.
Дар анҷоми тадбир филми ҳуҷҷатие, ки ба масъалаҳои муҳофизати аҳолӣ ва наврасон аз ҷараёнҳои гуногуни зараровари ғоявӣ, экстремизми динӣ ва терроризм бахшида шудааст, намоиш дода шуд.

Р.МУСТАҚИМОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: