Ба нобудсозии дарахтон роҳ надиҳем!

Ба нобудсозии дарахтон роҳ надиҳем!

Маълум аст, ки бо мақсади беҳсозии шароити зиндагӣ ба шаҳрҳо кӯч бастани аҳолии деҳот муаммоҳои сабзазорнамоии ҳудудҳоро ба миён меоварад. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ҳоло 55 фоизи аҳолии дунё дар шаҳрҳо зиндагонӣ мекунад. Баъди 30 сол бошад, он ба 68 фоиз мерасад.
Ҳифзи табиат вазифаи ҳар як сокини олам мебошад.
Барои қад боло кардани дарахтҳо даҳсолаҳо лозим. Барои ҳамин, дар интихоби ҷойи сохтмон эътибори ҷудогона додан даркор. Шикаст расондан ба олами растанӣ нобахшиданист. Дар бешазор бунёд намудани шаҳракҳо ба ҳолатҳои ногувор оварда расониданаш мумкин аст.
Бошандагони олам бидуни гази оксиген зиндагӣ карда наметавонад. Бояд таъкид намуд, ки як дарахт соле 10 килограмм газҳои гуногунро фурӯ бурда, аз худ то 130 кг. гази оксигенро хориҷ мекунад.
Дар мамлакатамон Дастурамали кабудизорнамоии ҳудудҳо аз соли 2017 оғоз гардидааст. Дар он шинондани 1,6 миллион бех дарахту бутта дар назар аст. Ҳоло бо сабабҳои гуногун дар ҷойҳо дарахт мебуранд, ҳол он ки ҳар як дарахт дар ҳисоб аст. Зидди ин ҳолатҳо муборизаи шадид бурдан лозим. Ба онҳое, ки ба олами растанӣ зарар мерасонанд, ҷаримаи калон андохтан лозим.
Дар мамлакатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Канада дарахтбурӣ қатъиян манъ аст. Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҳатто нобуд кардани гулҳо ҷиноят ҳисоб шуда, чунин шахсон то 13000 доллари ИМА ба ҷарима кашида мешавад. Дар шаҳри Ню Йорки Америка барои барқасд нобуд сохтани дарахт то 15000 доллар ҷарима муайян ё ин ки то як сол аз озодӣ маҳрум кардан ҷорӣ карда шудааст. Дар мамлакати Австрия ҳатто оиди ҳифзи дарахт акт тартиб медиҳанд ва онҳоро танҳо ҳангоми касалшавӣ, пиршавӣ ва ношоямӣ мебурранд. Ҳангоми зараррасонӣ ба 20 бех дарахт то ба 1 миллион евро ба ҷарима мекашанд. Дар Германия ҷамоати экологие фаъолият мебарад, ки олами растаниро назорат мекунад.
Ниҳолшинонӣ савоб аст. Ҳар яки мо соле 3-4 — бехӣ ниҳол шинонем, оксигени олами мо ҳеҷ гоҳ тамом намешавад.

Х.БОТИРОВ,
олими соҳаи хоҷагии қишлоқ
Ҷ.ОБИДОВ,
рӯзноманигор.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: