Ҷасорати маънавии Соҳибқирон

Ҷасорати маънавии Соҳибқирон

Дирӯз дар шуъбаи фалсафаи факултаи фанҳои иҷтимоӣ-­психологии ДДС бо ташаббуси дотсенти кафедраи фалсафа Шаҳзода Неъматова ва муаллими калон Гулноза Султанова дар мавзӯи «Амир Темур-­фахримо, ғуруримо» «тадбири маънавӣ баргузор гардид.
Омӯзиш ва аз худ намудани ғояву таълимотҳои аҷдодонамон баробари зиёд намудани дониш, тафаккур ва тасаввуроти илмиро низ васеъ месозад. Ин тадбир, барои аз худ намудани мероси маънавӣ, аз ҷумла таълимоти иҷтимоӣ-­фалсафии Соҳибқирон Амир Темур омили муҳим мебошад.
Дар тадбир устодони донишгоҳ оиди фаъолияти сиёсиву, иҷтимоии Амир Темур маърӯза карданд. Донишҷӯён аз панду андарзҳои Соҳибқирон қироат намуданд. Махсусан, намоиши саҳнавие, ки оиди ҳаёти Амир Темур буд ва аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи 105 пешниҳод шуд, ба ҳозирон таъсуроти хуб гузошт.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: