Мукофот ба наҷотдиҳандагони ҷавон

Мукофот ба наҷотдиҳандагони ҷавон

Дар Маркази ҷавонони вилоят тадбири тақдирсозии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Клубҳои ихтиёриёни аз ҳама намунавии «Наҷотдиҳандаи ҷавон» баргузор гардид.
Тадбирро сарвари садорати корҳои тарбиявӣ ва мафкуравии Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, подполковник Шӯҳрат Ҳусейнов ифтитоҳ кард. Ҷонишини сарвари садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят, майор Умедҷон Аҳроров ба сухан баромада, ғолибонро табрик гуфт.
Барои иштирок дар ташкили ин озмуни ҷумҳуриявии «Клубҳои ихтиёриёни аз ҳама намунавии «Наҷотдиҳандаи ҷавон» ба як қатор ташкилотчиёни фаъол ифтихорномаҳо супориад шуд.
Дар байни мактабҳои таълими умумӣ ҷамоаи «Темурбекҳо»-и мактаби таълими умумии рақами 30-и ноҳияи Тайлоқ ҷойи 1-ум, ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 53-и ноҳияи Андиҷони вилояти Андиҷон ҷойи 2-юм, дастаи мактаби таълими умумии рақами 34-и шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё ҷойи 3-юмро гирифтанд.
Дар байни муасссисаҳои таълими касбиву ҳунарӣ ҷамоаҳои «Наҷотдиҳандагони ҷавон»-и коллеҷи касбиву ҳунарии саноати сабуки Ҷомбойи вилояти Самарқанд ҷойи 1-ум, коллеҷи касбиву ҳунарии иқтисодиёти ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё ҷойи 2-юм ва ҷамоаи коллеҷи касбиву ҳунарии Кончигии шаҳри Навоии вилояти Навоӣ ба ҷойи 3-юм сазовор гирдиданд.

Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: