Хазинаи маънавии донишгоҳ

Хазинаи маънавии донишгоҳ

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд яке аз аввалин ва калонтарин марказҳои адабиёти бадеӣ, илмиву оммавӣ ва дарсӣ ба ҳисоб меравад. Ходимони китобхона бо сарварии директори он Мадина Насруллоева ба донишҷӯёну омӯзгорон хизмати намунавӣ мерасонанд. Китобхона дорои 2 млн. 700 ҳазор адабиёт мебошад.
Китобхонаи мазкур соли 1927 ташкил гардида, нахуст дар яке аз утоқҳои бинои ҳозираи факултети биологияи донишгоҳ ҷойгир будааст. Соли 1957 хазинаи китобхона хеле васеъ гашта, ба бинои ҳозираи васеи дуошёна кӯчонида шуд. Он аз ҳисоби қариб 300 ҳазор нусха адабиёти мавҷудаи донишкадаи педагогӣ, ки соли 1992 ба донишгоҳ ҳамроҳ карда шуд, хеле ғанӣ гардид. Соли 2006 китобхона Маркази илмии ахборӣ-­маълумотӣ ном гирифт.
Имрӯз дар 5 шӯъбаи китобхона 54 корманд ба мутолиакунандагон хизмат мерасонанд. Ходимони ботаҷриба, мисли Ҷамила Содиқова, Гулбаҳор Аҳмадҷонова, Назира Боқиева, Масъуда Тоҳирова, Гулбаҳор Ҳоҷиева, Тоҳир Боронов, Нодира Одилова ва дигарон намунаи ибрат мебошанд.
– Ҳоло аз адабиёти таълими электронии китобхона, ки маҳсули эҷоди профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва дигар таълимгоҳҳои олии мамлакатро дар бар мегирад, на танҳо донишҷӯёни мо, балки донишкадаҳои дигари вилоят, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳо, инчунин аҳолӣ истифода мебаранд, – гуфт ҷонишини директори китобхона Олия Муҳаммадиева. – Ҳар сол зиёда аз 60 ҳазор хонандагон аз он истифода мебаранд ва шумораи китобгирандагон 900 ҳазорро ташкил медиҳад. Барои беҳтар гардондани кор бо китобҳо ба компутер барномаи «Calibri» васл карда шудааст, ки барои дарёфт ва ҳифз намудани китобҳои электронӣ хизмат мекунад. Китобхона бо шабакаи интернет пайваст буда, инчунин имкони истифодаи нашрияҳо тавассути портали Ziyonet.uz. вуҷуд дорад.
Барои осон шудани дарёфти адабиёти зарурии китобхонҳо каталоги электронӣ тартиб дода шудааст. Инчунин, ба каталоги мазкур қариб 3 ҳазор нашрияҳои тоинқилобӣ ва дастнависҳои шарқ низ дароварда шудаанд.

Ф.МУҲАММАДҶОН.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: