10 фоидаи ревоҷ

10 фоидаи ревоҷ

Ревоҷро тоҷикон чукрӣ ҳам меноманд, гиёҳи кӯҳии машҳур аст. Гулаш сурх чун гӯшвораи духтаракон зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завқ мехӯранд. Ревоҷ шифои дарду беморихост:
1. Онро бихӯранд моддаҳои ғафсгаштаи баданро парешон ва пароканда мегардонад.
2. Меъда, ҷигар ва дигар узвҳои гарммизоҷи даруни шикам ва синаро қавӣ месозад.
3. Иштаҳаро мекушояд.
4. Шиддати ҷӯшиши сафроро таскин медиҳад.
5. Беҳузур шудани дилро қатъ мекунад.
6. Фишори баланди хунро паст мегардонад.
7. Хуну сафровиро соф менамояд.
8. Мастӣ ва хуморро барҳам медиҳад.
9. Дар офтоб хушк карда обашро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад.
10. Агар инро бардавом бихӯранд моддаи қандро дар таркиби хун кам мекунад.

Пеш аз барои даво истифода бурдан ҳатман бо шифокор маслиҳат кунед

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: