«Садриддин Айнӣ ва Самарқанд»

«Садриддин Айнӣ ва Самарқанд»

Таҳти ин мавзӯъ бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд (ДДС) дар донишгоҳ конференсияи илмӣ ба амал омад. Иштирокдорони он омӯзгору донишҷуёни муассисаи таълими олӣ, шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос буданд.
Ба тадбир декани факултет, профессор, доктори фанҳои филология Ж.Элтазаров ҳусни ифтитоҳ бахшида оиди дар мамлакатамон ва дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ қайд намудани 141-солагии зодрӯзи нависандаи бузург ва шоири тоҷик С.Айнӣ ҳарф зад. Сипас, проректори ДДС аз рӯйи корҳои илмӣ, дотсент Ҳаким Хушвақтов доир ба мавқеи бузурги адиб ва шоир дар адабиёти тоҷику ӯзбек сухан кард. Профессорони кафедраи мазкур Ҷ.Ҳамроев ва А.Воҳидов, ҳамчунин докторанти факултет Х.Мирзоев аз рӯйи мавзӯи конференсия маъруза карданд.
Онҳо оиди роҳи ҳаёти адиби бузурги ҷаҳонӣ, осори зиёди бадеиву илмии дар Самарқанд эҷоднамудаи вай, корҳои таъмирие, ки дар Хона-музейи С.Айнӣ амалӣ мегарданд, китоби ба нашр омодашудаистодаи «Айнишиносӣ дар Самарқанд», хизмати калони С.Айнӣ дар луғатшиносии тоҷик ва ғайра ҳарф заданд.
— Адабиёти муосири тоҷикро бидуни адиб, шоир, олими шарқшинос, мутафаккир ва алломаи бузурги асри ХХ — С.Айнӣ тасаввур кардан номумкин аст. Асосгузори адабиёти навини тоҷик С.Айнӣ дар равнақи адабиёти тоҷик ҳиссаи калони худро ҳамроҳ кардааст, — гуфт зимни суханронӣ Ҷ.Ҳамроев. – Насри адабиву илмии адиб ҳамрадифи асарҳои нодиртарин асарҳои нависандагони ҷаҳонӣ мебошад.
Дар поёни тадбир як гурӯҳ донишҷӯёни факултет аз ашъори устод Айнӣ қироат карданд.

Матн ва сурати Ҷамшеди АСРОР

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: