Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Туркия «Арбоби давлатии сол» дониста шуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Туркия «Арбоби давлатии сол» дониста шуд

Дар маросиме, ки Маркази тадқиқотҳои стратегии «Ipacyolu»-и Туркия ва «Broadcasting group» ташкил карданд, якчанд сиёсатмадор, вазир ва тадбиркорон барои ҳиссаи муносибаш дар олами Туркия мукофотонида шуданд. Ба Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мукофоти номинатсияи «Арбоби давлатии сол» муносиб дониста шуд. Мукофотро аз номи Раисҷумҳурамон сарконсули диёрамон дар Истанбул Шӯҳрат Аминов қабул кард.
Инчунин аз рӯйи номинатсияҳои гуногун мукофотҳоро консулҳои давлатҳои Қирғизистон, Гагаузия, Туркия, Қозоқистон, Озарбойҷон ва вакилони корпуси дипломатӣ қабул карда гирифтанд.
Дар ин бора нашри «Сондакика»-и Туркия хабар дод.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: