Сайли набот

Сайли набот

Бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Самарқанд дар мадрасаи Нодирдевонбегии маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ тадбири «Сайли набот» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 20 нафар наботпази ноҳия бо 15 намуди маҳсулот иштирок намуданд.
Инчунин, дар тадбир намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, нонвой­ҳо ва ҳалвогарон ташкил шуд.
– Наботпазӣ бароям ҳунари аҷдодист, – иброз дошт сокини маҳаллаи Сулфакабутак Гулсара Шукурова. – Шукр, бо шарофати истиқлол ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё гардид. Чаҳор сол инҷониб ҳамчун тадбиркор фаъолият дорам. Ҳоло фарзандонам Зокир ва Собир Баҳромовҳо ин ҳунарро меомӯзанд.
– Набот яке аз шириниҳои қадимӣ аст, ки ба кас қувват мебахшад, – изҳори ақида намуд Амонбобо Воҳидови 75-сола. – Одатан, устоҳо ҳангоми иҷрои корҳои вазнин наботчой менӯшанд. Омоданамоии набот худ мӯъҷиза аст. Зеро оби оддиву шакар дар натиҷаи меҳнати ҳунармандон ба асари санъат табдил меёбад. Дар як дег чаҳор намуди набот тайёр мешавад: қаймоқ-­набот (пораҳои набот, ки аз рӯйи дег мегиранд), дили набот, пуштак ва оби набот.
Дар анҷом баромади консертии ходимони шӯъбаи маданияти ноҳия ба тадбир шукӯҳи хос бахшид.

Дилрабо НАСИМӢ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: