Меҳнати ҳалол  – асоси муваффақият

Меҳнати ҳалол – асоси муваффақият

Имрӯзҳо баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи хизмати коммуналӣ низ як қатор ислоҳотҳо ба миён меоянд. Мо бо муҳандис-­маслиҳатчии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди маҷмӯи меҳмонхонаи «Регистон-­Плаза» Шарофқул Ҳотамов доир ба ислоҳот ва душвориҳои соҳаи хизмати коммуналӣ сӯҳбат оростем.
– Ҳар як касбу кор дорои нозукиҳои ба худ хос аст. Соҳаи хизматрасонии коммуналӣ чӣ хел душвориҳо дорад?
– Ҳамин хел ҳикмат ҳаст, ки дар дунё якто зан боқӣ монад ҳам ба заргар кор ёфт мешавад. Хона ҳам ба хизматрасонӣ ниёз дорад. Устодам Ғаффор Ҳамдамов мегуфтанд, ки ягон институт муҳандис тайёр намекунад, муҳандис дар давоми солҳои кор тайёр мешавад. Албатта, соҳаи коммуналӣ соҳаи вазнин, лекин бошараф аст. Соҳаест, ки талаби халқро иҷро мекунад.
Ба хоҷагии коммуналӣ ҳама масъала дохил мешавад. Аз рӯзе, ки фарзанд таваллуд мешавад барои ӯ албатта обу хонаву ҷой лозим. Расонида додани оби гарм, оби хунук, газ, қувваи барқ ва ғайраҳо ба хизмати коммуналӣ дохил мешавад. Дар замони ҳозира яке аз муаммоҳои асосӣ – дар соҳаи коммуналӣ нарасидани кадрҳои ботаҷриба аст. Хушбахтона, бо қарори Президент Вазорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой ташкил карда шуд. Аз ҳисоби буҷети вилоят, ҷумҳурият ва гранти дигар давлатҳо барои ривоҷ додани соҳа маблағ меафтад. Ҳоло аҳволи бади кӯчаҳоро бисёр танқид мекунанд. Ин масъала низ бо оҳистагӣ ҳалли худро ёфта истодааст.
– Шумо чаро айнан соҳаи мазкурро интихоб кардед?
– Бо маслиҳати устодон ин соҳаро интихоб кардам ва қариб 50 сол боз дар ҳамин соҳа кор мекунам. Дар ташкилотҳои гуногуни давлатӣ фаъолият бурдаам. Фаъолияти худро аз ходими оддии заводи «Кинап» оғоз кардам. Солҳои 1978-1990 ҷонишини сарвари Садорати хоҷагии коммуналии вилоят будам. Баъдтар вазифаҳои ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Самарқанд, ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд, сарвари Садорати мувофиқгардонӣ ва идоракунии корҳои ободонии ҳокимияти шаҳри Самарқанд, ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд-­сарвари шӯъбаи хоҷагии коммуналӣ ва солҳои 2010-2019 сармутахассис, сарвари шӯъбаи департаменти амалинамоии ислоҳотҳо дар сохтори хоҷагии коммуналӣ ва хонаву ҷойи ҳокимияти вилояти Самарқанд кор кардам.
– Имрӯзҳо дар соҳаи коммуналӣ чӣ гуна ислоҳот ба амал меоянд?
– Дар соҳаи коммуналӣ ислоҳотҳо бисёранд ва ҳамаи онҳо барои беҳбудии халқ нигаронида шудаанд. Эътибори Президент ба ин соҳа афзуд. Аз ҷумла, барои таъмири кӯчаҳо, хонаҳои бисёрошёна, реконструксияи системаи об, расонида додани оби гарм ва ғайраҳо эътибори калон дода мешавад. То солҳои наздик дар мо коллеҷи коммуналӣ вуҷуд надошт. Ҳоло чунин коллеҷ фаъолият дорад. Дар институтҳои меъморӣ кафедраҳои махсус кушоданд, ки дар ҳамин соҳа кор мебарад.
– Чуноне, ки гуфтед, қариб 50 сол боз дар соҳаи хизмати коммуналӣ дар вазифаҳои пурмасъулият кор кардаед. Акнун гӯед, ки асрори ба муваффақият расидан дар чист?
– Агар аз ҳаёти худ хулоса бароварда гӯям, меҳнат ва таҷриба аст. Меҳнати ҳалол инсонро ба камолот мерасонад. Рӯзона кор мекардаму шабона мехондам. Шароит вазнин буд. Дарс агар соати 10-и шаб тамом шавад, соати 12 ба хона мерафтам. Дар як рӯз танҳо 5 соат хоб мекардам. Боз пагоҳӣ соати 6 ба шаҳр расида омаданам лозим буд. Дар паси ин муваффақятҳо танҳо меҳнат истодааст. Кас виҷдонан кор кунад ва соҳаи худро бисёр дӯст дорад, албатта ба муваффақият мерасад.

Мусоҳиб
Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: