Ҳалли муаммоҳои  таъминоти об

Ҳалли муаммоҳои таъминоти об

Беш аз 64 фоизи аҳолии вилоятамон бо оби ошомиданӣ дар ҳолати марказикунонидашуда таъминанд, ки 44,7 фоизи он ба зиммаи Корхонаи давлатии унитари (КДУ)-и «Сувоқова» – и вилоят рост меояд.
Вале, беш аз 30 фоиз аҳолӣ бо оби нӯшокии усули алтернативӣ (чашма, ҳавз, чоҳ, оби сой, обкашаки дастӣ ва ғайра) таъмин гаштанаш ҳолати ногувор ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Самарқанд, ки ба шаҳри сайёҳӣ мубаддал мегардад, сохтори ирригатсионии шаҳр беҳбудӣ мехоҳад. Зеро 80 фоизи оби нӯшокӣ дар соатҳои муайян дар асоси график дода мешавад.
Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолати манфӣ кӯҳна шудани қубурҳои обрасонӣ, ба фишори баланд тоб наовардани онҳо ва нарасидани қувваи насосҳои иншооти оббарорӣ, паст будани тарифи об ва ғайрааст.
Дар маркази ноҳияҳо сохтани сохторҳои канализатсионӣ талаби замон мебошад.
Филиалҳои шаҳру ноҳиявии КДУ‑и «Сувоқова» чӣ гуна фаъолият доранд?
Бо ин мақсад мо бо фаъолияти кормандони филиали ноҳияи самарқандии (КДУ)-и «Сувоқова», ки баҳри таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ хизмат мекунанд, шинос шудем. Дар идораи мазкур 11 нафар, (умуман дар филиал 74 нафар) корманд, ки бештари онҳоро кафшергар, электрик, операторон ташкил мекунанд, фаъолият доранд. Чандин сол боз ба ин корхона марди кордону серғайрат Муҳибилло Турсунов роҳбарӣ менамояд. Дар ноҳияи Самарқанд қариб 80 маҳалла мавҷуд аст. Филиал нисфи онҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд. 30 фоизи таъминоти обро кормандони филиали шаҳри самарқандии КДУ ба ҷо меоранд, қариб 20 фоизи аҳолии кӯҳистони ноҳия аз оби чашмаҳо ва чоҳҳои артезианӣ истифода мебаранд. Солҳои охир таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ хуб шудааст. Ҳоло дар маҳаллаҳои Андиҷонӣ, Бешкаппа (Янгиҷой), Арабхона 1-тоӣ чоҳи артезании нав сохта мешавад.
Дар доираи Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» дар мавзеи Гулобод ва маҳаллаи Паррандапарварӣ корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Дар шаҳраки Гулобод сохтмони ду иншооти обӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳангоми садама, кафидани қубурҳои обгузар онҳо сари вақт таъмир карда мешаванд.
Роҳбари филиал баробари хуб ба роҳ мондани фаъолияти корхона ба корҳои ободонӣ низ эътибори калон медиҳад. Боғи корхонаро дарахтҳои мевадор, арчаҳо, токҳои навъҳои ҳусайниву тоифӣ оро медиҳанд. Ҳамаи утоқҳои кории идора аз таъмири хушсифат баромадааст.
– Баъди хатми равияи компутерии коллеҷи иҷтимоиву иқтисодии Гулободи ноҳия як сол мешавад, дар ин ҷо дар вазифаи оператори Хонаи бехавфии техникии филиал фаъолият дорам. Ҷамоаамон аҳлу тифоқанд. Мо зуд аз рӯйи муроҷиати корафтодагон барои бартараф кардани муаммои онҳо кормандони техникиро мефиристем, – гуфт ходими ҷавон Фарангиз Аҳтамова.

Ҷ.ОБИДОВ.

***

Доир ба хизматҳои оби ошомиданӣ:

Дар соли 2018-ум 64,7 фоизи аҳолии вилоят (2 млн.362 ҳазор нафар) дар ҳоли марказонидашуда бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, аз он 44,7 фоиз (1 млн.633 ҳазор нафар) аҳолӣ аз ҷониби КУД “Сувоқова” таъмин гардиданд.
Дар 69то объект корҳои сохтмонӣ-монтажӣ аз ҳисоби маблағи 53,3 млрд. сӯм иҷро гардида, дар натиҷа қариб 80 ҳазор нафар аҳолӣ бори аввал бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуда, барои 50 ҳазор нафар аҳолӣ таъмини оби ошомиданӣ беҳтар гардид.
Дар доираи Барномаи инвеститсионӣ: аз ҳисоби 40,8 млрд. сӯм ҷамъ дар 38-то объект (33-то оби нӯокӣ ва 5-то оби ҷорӣ) 80,3 км шабакаҳо (65,1 км барои оби ошомиданӣ ва 15,2 км барои оби ҷорӣ) сохта ва реконструксия карда шуданд.
Дар доираи Барномаи “Қишлоқи обод”: аз ҳисоби маблағи 12,5 млрд. сӯмина дар 27 қишлоқ ва 4 маҳалла 26-то иншооти обӣ ва 94,2 км шабакаҳои обӣ корҳои сохтмонӣ амалӣ гардид.
Дар натиҷаи амалигардонии ин лоиҳаҳо дар ҳолати 1-уми январи соли 2019 дараҷаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз 64,7 фоиз ба 65,8 фоиз афзуд.
Соли 2019 дар 71 объекти обӣ корҳои бунёдкориву монтажии 89,3 млрд. сӯмина амалӣ гардида, дар натиҷаи он қариб 55 ҳазор нафар аҳолии вилоят бори аввал бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд. Инчунин, ҳолати таъминоти 95 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тоза беҳтар карда мешавад. Аз ҷумла:
Дар доираи Барномаи инвеститсионӣ: аз ҳисоби 69,5 млрд. сӯм маблағ ҷамъ дар 25 объект (19-то оби ошомиданӣ ва 6-то оби партов) амалӣ намудани корҳои бунёдкориву монтажӣ ва реконструксияи 95,9 километр шохаҳои обӣ (81,5 километр оби ошомиданӣ ва 14,4 километр оби партов) ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи Барномаи “Қишлоқи обод” дар 42 деҳа ва 4 маҳаллаи вилоятамон доир ба беҳсозии таъминоти оби ошомиданӣ 73 иншооти обӣ ва 155,7 километр нили оби ошомиданӣ бунёд ва реконструксия карда мешавад ва барои ин ҷудо кардани 12,57 млрд. сӯм маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷаи амалӣ намудани ин лоиҳаҳо то 1-уми январи соли 2020 сатҳи бо оби ошомиданӣ таъмин гардидани аҳолӣ аз 65,8 фоиз то 67,1 фоиз боло хоҳад рафт.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: